Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Алломорф (алломорфа) (аз юнонии allos – дигар ва morphe – шакл).
Анвои гуногуни морфемаҳо, ки аз ҷиҳати ифодаи маъно ва пайдоиши худ яксон буда, аз ҷиҳати таркиби овозӣ фарқ мекунанд. Чунончи, пасванди ҷамъбандии -он гунаҳои -гон, -ён, -вон дорад. Пасванди -он пас аз ҳамсадоҳо (ғуломон, мардон, кабўтарон); -ён пас аз исмҳое, ки бо садонокҳои о, у, и тамом мешаванд (ҳиндуён, бобоён, Сомониён) ва пасванди -вон пас аз исмҳое, ки бо садоноки у тамом мешавад (бозувон, абрўвон, оҳувон, гесўвон) ҷамъ баста мешавад. Баъзе асосҳои замони ҳозираи феъл низ хусусияти гунанокӣ зоҳир намуда, аз оғози пайдоиши худ ба шахсҳо вобаста шудаанд: додан: деҳ-дод (ман медиҳам, ту деҳ; ман ниҳодам, ту неҳ).
Аллоним (юн. Allos – дигар + onyma – ном). Аз ҷиҳати фонетикӣ ё лексикӣ дар заминаи воқеаҳои таърихӣ шаклҳои гуногун пайдо кардани исмҳои хос а) Аллонимҳои фонетикӣ: Ош-Ўш, Панҷакент-Панҷекат- Панҷканд; Хуқанд-Қўқанд, Самарканд-Самарқанд, Андигон-Андиҷон, Муғон-Моғиён; б) Аллонимҳои лексикӣ: Хутталон-Хатлон-Кўлоб, Янгибозор-Кофарниҳон-Орҷоникидзеобод-Ваҳдат, Ленинобод-Суғд, Истаравшан-Уротеппа, Насаф-Қаршӣ, Сайҳун-Сар; в) Аллонимҳои морфологӣ: Қалъа-Қалъача, Ҳисор-Ҳисорак.
Аллофон (аллофона) (аз юнонии allos – дигар + phōne – овоз). Гуна ё тобишҳои фонемаҳо. Овозҳои нутқ вазифаи калимасозию калимашиносӣ доранд. Овозҳое, ки қобилияти калимафарқкунӣ надоранд ва бе тағйири маънои калима якдигарро иваз карда метавонанд, тобишҳои як фонема ҳисоб мешаванд. Масалан, фонемаи (садоноки) а дар таркиби калимаҳои банд, қанд, сафед, коса тобишҳои гуногун дорад. Фонемаи а дар калимаи банд тобиши моил ба пеш, дар калимаи қанд тобиши моил ба қафо дорад.
Дар калимаи сафед садоноки а андаке кўтоҳтар ва дар калимаи коса андаке дарозтар талаффуз мешавад, ки ба мавқеи ин садонок вобаста аст.
Алоқаи артиклӣ. Дар ин навъи алоқа артикли -е бо калимаи асосӣ омада, ҷузъи тобеъ пас аз он ҷой мегирад: марде бузург, соате чанд.

пешина
аз 389
навбатӣ