Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бармакиён, натанҳо ҳамчун ташкилотчиёни воқеии ҳукумат амал мекарданд, балки дар ташаккулли «Ренессанси (Эҳёи) исломӣ» бо тарзи эҳёи анъанаи зеҳнии Сосониён «Гунди Шопур» заминаи мустаҳкам гузоштанд, ки дар он даврон, осори бузургони қадим (юнонӣ) дар шакли асарҳои Арасту, Афлотун ва бисёр дигарон ба забони арабӣ тарҷума карда шуданд. Бо ин шуғли илмӣ, онҳо афзалияти зеҳниро аз Рум (Византияи) масеҳӣ кашида гирифтанд, зеро он чун вориси мустақими Юнони Қадим мебоист, пеш аз ҳама, дар бораи идомаи афкори илмии гузаштагонаш ғамхорӣ мекард. Барои ин, ба Бағдод беҳтарин нерӯҳои зеҳнии хилофат даъват карда шуданд, ки дар байни онҳо хуросониён ва варорӯдиён ба таври возеҳ бартарӣ доштанд, ки аз сарзамини бостонии тоҷикон буданд.
Вазифаи дуюми заминаи сиёсӣ ва идеологии империяи нав, ки ҳокимият дар дасти рӯҳониён буд, бо иштироки фаъоли гузаштагони халқи тоҷик–имомони бузург Абӯҳанифа, Муҳаммад Бухорӣ, Абуисо Тирмизӣ ва даҳҳо дигарон, ки дақиқкорона («то донаи охирин») гуфтаҳо, амалҳои Паёмбари бузурги ислом (с)-ро омӯхта ва онҳоро рамзгузорӣ карданд. Ин рамзгузорӣ ва ба низом даровардани ҳадисҳои Паёмбари бузурги ислом (с), аз ҷониби беҳтарин намояндагони илоҳиётшиноси тоҷик, барои хилофати Аббосиён ва давлатҳои минбаъдаи этносулолавии он заминаи бунёди шариат (рамзи дастурҳо барои ҳар як мусулмон)-ро ба вуҷуд овард.

пешина
аз 335
навбатӣ