Ҷаҳони Тоҷикон

Дере нагузашта яке аз халифаҳои шуҳратпарасти Аббосиён, Маъмун, писари Ҳорунаррашид, дар ҳоле ки ҳанӯз намояндаи падараш ва бародари калониаш дар Хуросон буд, қароргоҳашро (Марв) ба пойтахти зеҳнии тамоми хилофат табдил дод ва бартариятро аз Бағдод гирифт. Вай бо дастгирии низомиёни хонаводҳои ашрофони тоҷик ба сари қудрат омада, ҳанӯз дар Марв буд ва мехост онро пойтахти нави тамоми хилофат кунад. Пас аз даҳ соли ҳукмронии ба тамоми давлати азим, ки дар ғарб то ба ҷануби Фаронса аз шаҳри Марви тоҷикон расида буд, аз эҳтимоли аз даст додани минтақаҳои ғарбии хилофат маҷбур шуд, ки ба пойтахти собиқ (Бағдод) баргардад.
Вале на ҳама хизматҳои намояндагони халқи тоҷик дар тақвият ва рушди хилофати Аббосиён аз ҷониби қудрати олии ҷаҳони ислом баҳогузорӣ ва қадршиносӣ шуданд, балки, баръакс, дар аксари ҳолатҳо онҳо қурбони сиёсати саркӯбгаронаи халифаҳои араб нисбаташон гардиданд. Аз ин рӯ, беҳтарин неруи ақлонии мардуми тоҷик, ки аз ҷониби амирони дурандеши хонадони Тоҳир, такягоҳи хилофати араб муаррифӣ мешуданд, дар бораи соҳибихтиёрии сиёсӣ (дар зери қудрати маънавии халифаҳо) фикр карданро оғоз карданд ва онҳо бори нахуст, дар таърихи хилофат истиқлоли сиёсии худро эълон карданд.
Ин анъана аз ҷониби дигар хонадонҳои ҳукмрони тоҷикон
–Саффориёни Систон ва Сомониёни Варорӯд, ки бар хилофи фармонҳои халифаҳои Бағдод ба ташаккулёбии давлати этносулолавии худ шуруъ карданд, низ дастгирӣ ёфт. Дар ин муқовимати объективӣ байни ду минтақаи қадимаи тоҷикон (Суғд ва Систон), минтақаи аввал, ки ҳамеша дар маркази тамоми минтақаҳои таърихии халқи тоҷик ҷойгир буд, пеш баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор