Ҷаҳони Тоҷикон

бодиянишиниро пеш мебурданд, ҳаёти иҷтимоию иқтисодии он ҷойро андозае эҳё карданд.
Таъсиси кишоварзии воҳа аз ҷониби суғдиён ва бохтариён, ки дар кишоварзӣ таҷрибаи бой доштанд, аз тарафи дигар, малакаҳои савдо ва ҳунармандии онҳо ва қобилияти сохтани асбобҳои кишоварзӣ мебоист ба зиндагии ҳавзаи Тарим нафаси нав биёрад.
Малакаҳои тиҷоратии бохтариён, ки ҳангоми мубодилаи молҳо дар канори Шоҳроҳи Абрешим ва роҳ ба Ҳиндустон ба даст омада буд, тиҷорати наздисарҳадии суғдиён бо қабилаҳои гуногуни бодиянишин дар ҷойи нав барои таҳкими «Роҳи Яшмӣ (нефрит)»
лозим буд.
Натиҷаҳои корҳои саҳроии бостонӣ дар наздикиҳои Тарим муҳоҷирати шарқии деҳқононро аз Варорӯд, ки бо асбобҳои кишоварзии худ (омоч, бел, каланд ва ғайра) ба ин ҷо омадаанд ва ба мутахассисон асос медиҳад, ки «дар равобити ин минтақа бо Чин, кишоварзӣ на аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ҳамчун дода истода, баръакс, ки қабулкунда ҳисоб карда шавад».
Маълумотҳои бостоншиносӣ, ки таъсири ғарбии маҳалли ибтидоии ҳавзаи Таримро нишон медиҳад ва инчунин тахмин меравад, ки яке аз вариантҳои номи кишвари воҳаи Хотан (дар ҷанубии Шоҳроҳи абрешим) эронӣ буд. Тавре ки коршиноси рус қайд мекунад: «Шумораи бештари гурӯҳҳо эрониён буданд, ки бо забони шарқии эронӣ ҳарф мезаданд, ки онро шартан хотану-сакоӣ меномиданд. Кай онҳо дар Хотан мавқеи роҳбариро ишғол карданд, ҳанӯз маълум нашудааст».
Номи яке аз кишварҳои воҳаи ҳавзаи Тарим, ки дар матнҳои хотану-сакоӣ тақрибан 700 сол (асрҳои III-X) сабт шуда буд, баъзе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё