Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

овардаанд, ки бинобар ҳолатҳои ҳарбӣ-сиёсӣ (ҳамлаи хуннҳо дар шаҳрҳои Чин) маҷбур буданд, ки манбаъҳои молиявии худро дар ин минтақаи дур аз пойтахти Суғд ҷойгиршуда аз нав тақсим кунанд.
Инҳо ду маҷмӯаи алоҳидаи мактубҳои суғдӣ (аз кӯҳи Муғи Зарафшон ва мавзеи Могаои Чин) мебошанд, ки аз якдигар дар масофаи 2000 км. дур ҷойгир буда, равшан нишон медиҳанд, ки то замони ҳамлаи арабҳо ба ғанитарин минтақаи тоҷикон – Суғд, он дар сари бисёр шаҳрҳо-шоҳигариҳои воҳави, ки бо робитаҳои наздики иҷтимоӣ-иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ дар тӯли беш аз ҳазор солҳо (аз аввали асри V то милод - то аввали асри VII) истода буд.
Барои фаҳмидани ангезаи муқовимати якравии Суғдиён алайҳи арабҳо, ки дар навбати худ, ҳатто аз муқовимати қаблии худ бар зидди машҳуртарин истилогари Ғарб Искандари Мақдунӣ ҳам шадидтар буд, дар сиёсати мустамликадории ӯ як сайри таърихӣ мекунем.
Бояд гуфт, ки муҳоҷирати шарқии суғдиён (ҳамроҳи бохтариён) беш аз ҳазор сол пеш аз омадани арабҳо ба Варорӯд оғоз ёфта буд. Мутахассисони рус исбот кардаанд, ки сокинони ду сатрапия (Суғд ва Бохтар), ки ба давлати Ҳахоманишиён дохил буданд (сатрапияҳои XII ва XVI) маҷбур буданд, ки аз сабаби зери ислоҳоти динии шоҳони Ҳахоманишӣ (дар асри V пеш аз милод) ба шарқ (ба Фарғона, ҳавзаи Тарим ва Тибет) кӯч банданд.
Онҳо дар ҷойи нав (ҳавзаи Тарим), ки дар он дигар халқҳои қадимаи эронӣ (усунҳо, сакоиҳо) ва халқҳои қадимаи аврупоӣ (тахорҳо) зиндагӣ мекарданд ва асосан тарзи зиндагии

пешина
аз 335
навбатӣ