Ҷаҳони Тоҷикон

ёфта буд, ки бо дастгирии тахт ҳамлаҳои худро бар зидди намояндагони мулоҳизакор (ратсионалистон) ва ҳама «аҳли қалам»
оғоз кард, босуръат тақвият ёфт. Мувозинати классикии байни «аҳли қалам» ва «аҳли салла», ки ба шарофати вазирони бузурги хонаводаи Бармакиён ба вуҷуд омадааст ва аз ҷониби Сомониёни баландмаърифат то ба дараҷаи сиёсати давлатӣ расонида шуда буд, оҳиста- оҳиста дар замони давлатҳои баъди Сомониён мақом ва маъруфияти худро аз даст додан гирифт. Аз як тараф, «аҳли салла»
(дар иттифоқ бо зоҳидон-сӯфиён) ва шоирони сершумори мадҳияхон аз тарафи дигар, иттифоқи тахтро бо «аҳли қалам» суст намуда, онро ба бӯҳрон бурданд. Мисоли барҷастаи ин рӯзгори олими маъруф Насириддин Тусӣ мебошад, ки эҷодиёти асосии ӯ (пеш аз муғулон), аллакай, дар мухолифат ба ҳукумати марказӣ дар қалъаҳо бо китобхонаи бой мегузашт.
Ташаккулли чор равиши тасаввуф (ясавия, кубравия, мавлавия ва нақшбандия) бо решаҳои варорӯдӣ-хуросонӣ (ва тоҷикӣ-туркӣ) пеш аз замони муғулон ба таври равшан шаҳодат медиҳад, ки мушоҳидаи бидуни иҷтимоӣ (ба ҷойи фаъолиятҳои шаҳрвандӣ ва таҳқиқотҳои илмӣ) дар ҳаёти ҳаррӯзаи иҷтимоии халқҳои ин кишварҳо мақоми худро соҳиб гардид.
Ҳангоми эътирози ақлонӣ, барои интихоби бартарият байни мушоҳидаи сӯфӣ (интихоб бо «қалб») ва ҷустуҷӯи фаъоли илмӣ (интихоб бо «ақл»), ба кишвар ба монанди «малахи гурусна» ворид шудани муғулҳо ин интихоби оммавию иҷтимоиро боз ҳам мушкилтар гардонд. Муғулҳо танҳо ба ҳунармандони моҳире, ки таҷҳизоти муҳандисӣ ё ҳарбӣ-техникиро барои ишғоли қалъаҳо сохта метавонистанд ва барои пешрафти минбаъдаи артиши сайёр мусоидат мекарданд, раҳм менамуданд. Онҳо, инчунин, ҳимояи қисматҳои руҳониёни анъанавӣ ва тоҷирони сарватманд, ки ба ҳукумати нав садоқат изҳор менамуданд ва аз байни онҳо мансабдорони мулкиро барои саривақт ситонидани андозҳо ҷалб мекарданд, ба дӯши худ гирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор