Ҷаҳони Тоҷикон

Доираи ҷаҳонбинии онҳо, ки бо сеҳру ҷодугарии даштӣ маҳдуд буд, наметавонист дар он ҷо донишҳои астрономӣ ва дигар донишҳои амиқи илмиро ҷойгир кунад.
Дар натиҷа, баҳси донишманд Абуалӣ Сино («ман медонам!») ва шайхи тасаввуфи хуросонӣ («ман мебинам!»), ки дар минтақа дусад сол пеш аз ҳуҷуми муғулҳо, ба миён омада буд, бо фаъолияти омӯзгории рӯҳонии самти тассавуф Ғаззолӣ (бо дастгирии Низомулмулк) боз ҳам печидатар гашта, дар «замонҳои торик»-и муғулҳо бо ғоратгарӣ, зӯроварӣ ва ҷангҳои дохилии онҳо «мардуми салла» аз «аҳли қалам» мавқеи баландтар гирифтанд.
Дере нагузашта кӯшиши пурғайрати қудрати султонҳои темурӣ (Улуғбек ва Ҳусайн Бойқаро) барои эҳёи фаъолияти илму маърифат ба амал омад, аммо онҳо охирин «шӯълаҳо» пеш аз «хомушшавӣ»-и давомнок ва дарднок буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор