Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

барқарор шуда буд, гузориш медиҳад. Ба ин маълумот нигоҳ накарда, пас аз бист соли истилои муғулҳо, кишварро яке аз қавитарин шӯришҳои мардумӣ, таҳти роҳбарии косиб Маҳмуд Торобӣ фаро гирифт. Ба вай муяссар шуд, ки тавассути баъзе қобилиятҳои ғайритабии худ шумораи зиёди тарафдоронро ҷалб кунад, ки дар яке аз ҷангҳо беш аз 10 ҳазор муғулҳоро нобуд карданд. Вақте ки қувваҳои бузурги муғулҳо расида омада, шӯришро пахш карданд ва мехостанд шаҳри Бухороро, ки қаблан ба номи Маҳмуди Таробӣ хутбае хонда шуда буд, ғорат кунанд, танҳо ба кӯшишҳои боғайрати Маҳмуд Яловаҷ, ки барои пешгирии тороҷи шаҳр ба хони бузурги муғулҳо, ки қароргоҳаш дар шаҳри Қарақоруми Муғулистон чойгир буд, муроҷиат намуд ва бо дахолати бевоситаи Ӯқтойхон (1239-1240) шаҳри азим аз ғоратгарии бодиянишинони ғосиб эмин монд.
Пас аз интиқол ёфтани Маҳмуд Ялавоҷ ба идораи шаҳри Пекини Чин, писари ӯ Масъудбек беш аз ним аср ба идоракунии Варорӯд ва ҳавзаи Тарим (аз ҷумла Уйғуристон) шурӯъ кард.
Муаррих Ҷувайнӣ Масъудбекро барои бунёди мадрасаҳо дар Бухоро тавсиф мекунад, вақте ки яке аз мадрасаҳо (Хония) ба маблағгузории ҳамсари Тулуй (писари чоруми Чингизхон) ва дувумӣ (Маъсудия) бо пули худи ин амалдори олимақом сохта шуда буд. Ҷудо намудани маблағи ҳаҷман калон барои сохтани мадраса аз ҷониби ҳамсари яке аз писарони бонуфузи Чингизхон, бо эътиқоди масеҳӣ, аз он шаҳодат медиҳад, ки як қисми ашрофзодагони чингизиён ба аҳолии мусулмонии давлати азимашон муносибати нарм доштанд. Дар ҳар як мадраса 1 000 донишҷӯ буд ва ин биноҳо зиннати Бухорои онвақта дониста мешуданд. Ҷолиби диққат аст, ки Сайфиддини Бохарзии дар боло зикршуда, ки бо вазир Қутбиддин Ҳабаш-Амид мукотиба дошт,

пешина
аз 335
навбатӣ