Ҷаҳони Тоҷикон

шаҳрҳои румӣ – Никея ва Никомедияро забт кард. Пас аз ду сол, вай худро султони давлати мустақил аз Салҷуқиён бо пойтахташ дар Никея эълон кард.
То соли 1081 Салҷуқиён тамоми шаҳрҳои Румро дар Осиёи Хурд забт карда (ба истиснои Гераклии Понт), ба гулугоҳи Босфор ва Дарданелл расиданд.
Асосгузори салтанати Қуния Сулаймон, аз тарафи волии Салҷуқиён дар Сурия (марказаш дар ш. Антиохия) Тутуш, дар соли 1086 кушта шуд ва писари ӯ Қилич Арслон ба зиндон партофта шуд.
Пас аз вафоти охирин султони пурқудрати салҷуқӣ Маликшоҳ (с.1092), писари асосгузори салтанат Қуния Қилич-Арслон озод карда шуд ва заминҳои падариаш ба ҳукумат баргардонида шуд. Аммо дере нагузашта султон зери фишори салибдорони якумии юриши салибӣ ба ҷануби Анатолияи марказӣ, ақибнишинӣ кард ва дар он ҷо давлати худро бо пойтахт дар Қуния барқарор кард. Дар охири ҳукмронии писар ва вориси Қилич-Арслон султон Масъуд (с. 1156), салтанат, тақрибан, дар тамоми Анатолияи марказӣ ҳукмронӣ мекард. Писар ва вориси Масъуд султон Қилич-Арслони II дар набарди назди Мириокефал дар соли 1176 артиши Румро бо сардори император Мануил I Комнин мағлуб карда, зарбаи асосиро ба қудрати Византия дар минтақа зад. Бо вуҷуди ишғоли муваққатии Қуния дар соли 1190 аз ҷониби иштирокчиёни юриши салибии севум, салтанат зуд онро бозпас гирифта, қудрати худро мустаҳкам кард.
Пас аз фурӯпошии воқеии давлати абарқудрати Салҷуқиён дар байни асрҳои XI-XII, вақте ки султон Санҷар дар шарқ амал мекард, султонҳои Румӣ ягона намояндагони хонаводаи ҳукмрони ин сулола дар ғарб шуданд. Пас аз суқути муваққатии империяи Рум (Византия) дар соли 1204, султон Кайхусрав I Қунияро дар соли 1205, аз салибдорон кашида гирифт. Дар даври ҳукмронии ин султон ва ду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор