Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, давраи султонҳои Бангола аз соли 1203 то 1576, ки давлатро султонҳои хайрхоҳ ва бофарҳанг идора мекарданд, барои рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ ва таҳқиқот дар ин забон заминаи устувор гузошта шуд.
Тавре ки дар боло ишора кардем, дар давраи сулолаи Салҷукиён дар Осиёи Хурд аз нимаи дуюми асри XI қабилаҳои туркӣ, аз ҳавзаи баҳри Арали Варорӯд ва баҳри Каспии Хуросон ба ин ҷо омадаанд ва муқимӣ гардиданд. Ин муҳоҷирони бузурги қабилаҳои бодиянишин, натанҳо боиси пайдоиши юришҳои салибии сершумори кишварҳои аврупоӣ, балки ташаккули салтанати Қуния (Рум) ва баъдан таҳдиди доимии ҳарбӣ ба Рум ва тамоми Аврупои ҷанубу шарқӣ гардид. Дар ибтидо, ҳама ҳокимони маҳаллӣ ба давлати пурқудрати Салҷуқиён норозиёна итоат мекарданд ва пас аз салтанати султон Санҷар (с.1118- 1157), дар ин ҷо равандҳои марказгурезӣ ҳукмрон мегардад.
Яке аз давлатҳои кӯчаки ғарбии Осиёи Хурд, ки ба анъанаҳои сомониён-салҷуқиён содиқ монд, ин салтанати Қуния (ё Рум) ба ҳисоб меравад. Бисёр анъанаҳои стратегияи Сомониён дар ин ҷо, чун дар шарқтарин кунҷи он (салтанати Бангола), алалхусус, забони тоҷикӣ ҳамчун забони коргузорӣ, мазҳаби ҳанафии ислом, сарпарастии «аҳли қалам» ва, албатта, «синтези тоҷикӣ-туркӣ» ва дигарон бараъло намоён шуданд.
Ин салтанат дар сечоряки охири асри XI дар заминҳои аз империяи Рум (Византия) забткарда гирифташуда таъсис ёфта, дар таърихи минтақа нақши муҳим бозид. Аҳолии масеҳии маҳаллиро ба ақибнишинӣ маҷбур карда ё қисми онро азхуд намуда, ҳудуди давлатро ба тартиб дароварда, сохторҳои онро устувор намуд. Маълум аст, ки то охири асри XI Салҷуқиён Рум (Византия)- ро дар ҳудудҳои шарқӣ (дар Осиё) ба ақибнишинӣ маҷбур карда, тақрибан тамоми Анатолияро пас аз мағлуб кардани онҳо дар ҷанги ҳалкунандаи Мансикерт дар соли 1071 ишғол карданд. Асосгузори воқеии салтанати Қуния пешвои низомии Салҷуқиён Сулаймон Қутулмиш, ҷияни султони машҳури Салҷуқиён Маликшоҳ мебошад. Соли 1075 ӯ

пешина
аз 335
навбатӣ