Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

номидан мумкин аст. Оиди шукуфоии забони тоҷикӣ дар ин кишвар дар он замон як ҳодисаи маъруфи таърихӣ шаҳодат медиҳад: худи султони Бангола Ғиёсиддини Аъзамшоҳ бо риояи анъанаҳои умумӣ кӯшиш ба харҷ дод, ки шеър нависад, аммо тавонист танҳо нимаи авали онро ба анҷом расонад муқобили:
Эй соқӣ! Ҳадиси сарви гулу лола меравад…

Султон натавонист байтро ба анҷом расонад ва ба шоири бузург Ҳофизи Шерозӣ нома навишта, ӯро ба Бангола даъват намуда, хоҳиш кардааст, ки матни шеърро ба итмом расонад. Шоири бузург бо эътирофи бузургии дарбори шоҳ ва сифатҳои адабии шоирони тоҷику форсии Бангола шеърро хотима додааст. Дар қисми давоми ғазали шоир, ки дар девони он низ ҳаст, чунин омадааст:

Шакаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,
З-ин қанди форсӣ, ки ба Бангола меравад.

Дарбори Рукниддини Барбакшоҳ (с. 1459-1474) макони ҳузури олимону шоирони сершуморе чун Амир Зайнуддини Ҳаравӣ, шоир Амир Шиҳобуддин Ҳаким Кирмонӣ, табиб ва мураттиби луғати тоҷикӣ-форсӣ Амир Шиҳобуддин Кирмонӣ ва инчунин, шоирон Мансур Шерозӣ, Малик Юсуф Ҳамид, Сайид Ҷалол, Сайид Муҳаммад Рукан ва бисёр дигарон буд.
«Фарҳанги Иброҳимӣ», қадимтарин ва шояд муҳимтарин феҳристи тоҷикиву форсии нимҷазира аз ҷониби Мавлоно Иброҳим Қаввоми Фаррухӣ дар ин давра тартиб дода шудааст. Ин маҷмӯаи пурарзиш пешрафти назаррасро дар рушди омӯзиши забони тоҷикӣфорсӣ дар Бангола нишон медиҳад. Дар давраи ҳукмронии Алоуддин Ҳусайншоҳ (с.1493-1519) истифодаи забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ дар Бангола васеъ паҳн шудааст. Дар ин вақт Муҳаммад Будай, зиёдтар маъруф бо номи Сайид Мир Алавӣ, китоберо дар бораи камонварӣ бо номи “Ҳидоят-ур-Румӣ” навишт, ки бисту ҳафт бобро дарбар мегирад.

пешина
аз 335
навбатӣ