Ҷаҳони Тоҷикон

Низоми таълими исломӣ дар ҷойҳое, ки пайравони дини ислом маскан гирифтаанд, ҷорӣ карда шуд. Афзудани марказҳои таълими анъанавӣ, яъне масҷидҳо, мадрасаҳо ва мактабҳо, барои рушди осори адабӣ ба забони арабӣ ва тоҷикӣ фазои мусоид фароҳам овард. Ба ғайр аз сарпарастӣ ва дастгирии саховатмандонаи нависандагон ва шоирон, худи шоҳони ҳукмрони онвақта дар машғулиятҳои зеҳнӣ ширкат меварзиданд. Дар байни марказҳои тадқиқот ва таҳсилҳои илмӣ марказҳо дар Гаур ва Пандуа, Дарасбари, Рангпур, Сонаргаон, Дакка, Силхет, Богра ва Читтагонг ҷойгир буданд. Шумораи мадрасаҳо дар Бангола то ибтидои ҳукмронии Бритониё (с. 1757) қариб ба 80 000 расида буд.
Дар муддати беш аз 630 сол (солҳои 1206-1837) забони тоҷикӣ вазифаи забони давлатии Банголаро иҷро мекард. Дар ин давраи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор