Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

3.3. Салҷуқиён – шогирдони серғайрати Сомониён

Амир Исмоили Сомонӣ бо аввалин юриши ҳарбии худ ба шимол (ба Тароз), соҳили рости дарёи Сир, ба ғайр аз вазифаҳои дигар, инчунин баҳсҳоро дар бораи ҷойгир кардани кӯчманчиён ва тақсими чарогоҳҳо дар байни қабилаҳои бодиянишин- оғузтуркманҳо, ки ба даштҳои назди миёноб ва поёноби Сирдарё, даштҳои гирду атрофи он кӯч баста буданд, ва қарлуқҳо, ки дар биёбонҳои дар болооби ин дарё ва Ҳафтрӯд зиндагӣ мекарданд, ҳал намуд.
Мутахассисон ба асарҳои ҷуғрофии муаллифони асрҳои миёна («Нуҳат-ал-муштак»-и Идрисӣ ва дигарон) такя намуда, ҳудуди сукунати қабилаҳои оғузро «дар минтақаи даштии Осиёи Миёна (Осиёи Марказӣ.- М. А.) аз Балхаши ҷанубӣ то ба минтақаи поёноби Волга муайян кардаанд. Кӯчманчиёни оғуз дар саросари Иргиз, Урал, Эмба, Уил, дар соҳили кӯли Аралсор пароканда буданд. Оғузҳо, инчунин, дар минтақаи баҳри Арал, водии Сирдарё, доманакӯҳҳои Қаратоғи назди Сирдарёӣ, дар водии Чу, Алатоғи Талас ва поёноби дарёи Илӣ зиндагӣ мекарданд».
Ин муаллиф имконпазир мешуморад, ки дар ин қаламрави васеъ натанҳо қабилаҳои оғуз будубош доштанд: «онҳо зиёдтар ва зичтар дар минтақаҳои баҳри Арал, Каспии Шимолӣ, дар поёноби Сирдарё иқомат мекарданд. Дар Ҳафтрӯд дар асри X гурӯҳҳои алоҳидаи оғузҳо низ зиндагӣ мекарданд, қарлуқҳо дар байни аҳолии маҳаллии туркзабон бартарӣ доштанд. Қабилаҳои оғуз, ки дар ҷануби Балхаш ва соҳили дарёи Чу зиндагӣ

пешина
аз 335
навбатӣ