Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мекарданд, мустақил буда, пешвоёни худро доштанд». Дар асари маъруфи ҷуғрофии асримиёнагии «Ҳудуд-ул-олам»-и муаллифи номаълум, дар рӯйхатти минтақаҳои маъруф ва муфассали он замон, ду минтақаи қабилаҳои оғуз-вилояти «Токузгуз ва (тоторҳо)» ва вилояти ғуз (оғуз), дар қатори дигар вилоятҳо алоҳида таъкид мешавад. Ин ҳолат низ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар асри Х қабилаҳои оғузҳо дар қаламравҳои васеъ дар қисмати биёбонӣ – даштии Осиёи Марказии муосир зиндагӣ мекарданд.
Бешак, қабл аз паҳн шудани таъсири фарҳангии дини ислом аз ҷониби Сомониён, ин қабилаҳо эътиқоди гуногуни худро доштанд, аз ин рӯ, дар ибтидо ин қаламравҳо байни аҳолии бумӣ (исломӣ, асосан, тоҷикнишин) ва бодиянишин ба майдони муқовимат табдил ёфтанд. Тавре Истахрӣ менависад: «тамоми марзҳои Мовароуннаҳр (Варорӯд -М.А.) макони амалиёти ҳарбӣ:
аз Хоразм то канори Исфиҷоб (вилояти Чимкенти ҳозираи Қазоқистон) бо туркҳои оғуз, аз Исфиҷоб то ҷойҳои дурдасти Фарғона бо туркҳои карлуқ, мебошанд». Ин иқтибос аз паёми ҷуғрофидони маъруфи асрҳои миёна, аз он шаҳодат медиҳад, ки минтақаи Исфиҷоб ҳамчун як марз байни қабилаҳои оғузҳо ва қарлуқҳо хидмат кардааст. Маҳз тавассути ҳамин минтақа амир Исмоили Сомонӣ бо лашкараш ба Тароз гузашт (с.874) ва дар он ҷо калисои маҳаллиро ба масҷиди ҷомеъ табдил дод. Ин далели таърихиро метавон ҳамчун марҳилаи ибтидоии ҷорӣ ва густариши ислом ва фарҳанги мусулмонӣ дар байни қабилаҳои бодиянишини соҳили рости Сир шуморид. Бешубҳа, қабл аз он корвонҳои тиҷоратӣ бо тоҷирони тоҷик (мусулмонон), инчунин мубаллиғони алоҳида ё гурӯҳҳои онҳо, аз ин чарогоҳҳои

пешина
аз 335
навбатӣ