Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Оскард ос (майда, реза) кардан
Осонгудоз ба таври осон гудохташаванда
Осонгузар ба таври осон гузаранда (убуркунанда)
Осонрафт ба осонӣ рафтан
Оссанг санги оскунандаи осиёб; санги тӯбшакле, ки зери он гандум ос (нарм) кунанд
Оташангез имкони оташро бавуҷудоваранда
Оташангезӣ хусусияти ба вуҷуд овардани оташро доштан
Оташдеҳ(ак) воситаи оташдиҳӣ
Оташзан ниг.: оташдеҳ(ак)
Оташзо(й) эҳтимоли оташро ба вуҷуд оваранда
Оташкӯҳ кӯҳи оташфишон
Оташмоно монанд ба оташ
Оташмоя моя (манбаъ)-и оташгирӣ
Оташмоно монанд ба оташ
Оташпаз ба воситаи оташ пазондашуда
Оташпеча печаи (шуълаи) оташ
Оташпора пора (зарра)-и оташ
Оташпухт ба воситаи оташ пухтан
Оташтобовар ба оташ тобоваранда, оташбардор
Оташчашм одаме, ки чашмонаш мисли оташ дурахшон аст
Офтобагар офтобасоз
Офтобборон бороне, ки аз пораи абре ҳангоми будани офтоб низ меборад
Офтобгирӣ ниг.: офтобсӯзӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё