Зеҳн
Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 155 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Офтобдамиш дамиши Офтоб, баромадани
Офтоб, тулуи Офтоб
Офтобдиҳӣ офтоб додан, дар зери шуоъи офтоб гузоштан
Офтобнишаст нишасти Офтоб, ғуруби
Офтоб
Офтобпаз ба воситаи нури Офтоб пазондашуда
Офтобпухт тавассути зиёи Офтоб пухтан
Офтобрӯ(я) тарафи офтобрас
Офтобсӯзӣ ниг.: офтобсӯхт
Офтобсӯхт сӯхтан (гирифтан)-и Офтоб; кусуф
Офтобсӯхта чизе, ки бо таъсири нури
Офтоб сӯхта сиёҳтоб гардидааст
Офтобхушконӣ зери нури офтоб хушк кардани мевагиҳо
Офтобшинам вақти ба нишастан (ғуруб) майл кардани Офтоб
Оҳакгил гили оҳакдор
Оҳанболор болори оҳанӣ
Оҳангаз газ (ченабзор)-и оҳанин
Оҳандоғ доғ кардан (тафсонида пок сохтан) тавассути оҳани тафсон
Оҳанмех мехи оҳанин
Оҳанмила милаи дарози оҳанӣ, арматура
Оҳанмӯрӣ мӯрӣ (лӯла)-и оҳанин
Оҳанпурд пурд (пул, купрук)-и оҳанин
Оҳантавора тавора (девора)-и оҳанин
Оҳантан дорои тану дасту пои қавӣ
Оҳанхор моддаи оҳанхӯранда

пешина
аз 155
навбатӣ