Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Онпосух посух (ҷавоб)-и зуд
Онрав зуд (тез) раванда
Онрафт зуд (тез) рафтан
Ончарханда зуд (тез, дар як лаҳза) чарханда
Орддон зарф ё ҷиҳози ордгирӣ
Ордина орддор, орднок, ғизои аз орд тайёршуда
Ордмол бо орд молида, ордолуда кардан
Ордоба хӯроки миллӣ аз обу орд
Ордолоиш бо орд олуда кардан
Ордолуда бо орд олудашуда
Ордомехта бо орд омехташуда
Ордомезиш бо орд омехта кардан
Ориш маънӣ, мафҳум, чам
Оришҷӯйӣ маъниҷӯйӣ
Ороафзор афзори ородиҳӣ
Орогул гули ороишӣ
Оромгуфтор шахсе, ки гуфтори хуб, нарм, мулоим дорад
Оромёбӣ оромӣ ёфтан; қарор гирифтан
Оромпарвоз парвози оромона; ором парвозкунанда
Оромрафт оромона рафтан
Оромрафтор шахсе, ки рафтори хуб, нарм, мулоим дорад
Оромсухан шахсе, ки оромона сухан мекунад
Оромҷаст оромона ҷаҳанда
Оромшоро ором шоранда
Ороранг ранги ороишӣ (зинатдиҳӣ)
Оросанг санги ороишӣ (зинатӣ)
Орунхӯй одаме, ки хӯй (хислат)-и ҳамида (хуш) дорад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё