Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Камкард кам кардан; коҳиш додан
Камковок ковокии зиёд надошта
Каммадорӣ мадор (тавон)-и кам доштан
Каммалоӣ тунукӣ, сиракӣ
Камнамо камнамудор; дер-дер ба назар расанда
Кампиҳ камчарб, камравған
Кампиҳӣ чарб ё равғани кам доштан
Камузам гоҳе каму гоҳе зам
Камузамкард дар як вақт камузам (илова, ҷамъ) кардан
Камтавон бемадор, беҳолат
Камтавонӣ тавон (иқтидор)-и кам доштан
Камузиёд гоҳе кам, гоҳе зиёд
Камузиёдӣ дар як вақт каму зиёд шудан
Камузиёдшавӣ гоҳе кам ва гоҳе зиёд шудан
Канданашавандагӣ хусусияти аз ҳам канда (ҷудо) нашудан
Кандаовоз овози канда-канда
Кандарафт канда-канда рафтан
Кандафзор афзор кандан
Кандина воситаи кандан (каниш); канданӣ
Каниш амали кандашавӣ
Канишдеҳ(ак) воситаи аз ҳам ҷудо намудан (каниш додан)
Канорагард канор (дур-дур) гарданда
Канорпартоӣ ба канор партофтан
Канорпартофт ниг.: канорпартоӣ
Карахшбандӣ карахш бастан
Карахшбаст ниг.: карахшбандӣ
Карахшзудо воситаи зудудан (бартараф кардан)-и карахш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё