Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Каландҷӯяк ҷӯяки бо каланд бардошташуда
Калидивожа вожаи калидӣ (дар дохили як матн)
Калидивожагон вожагони калидӣ (дар дохили як матн)
Калкӯҳ кӯҳе, ки дар қуллаи он чизе намерӯяд (номи мавзеъ)
Калобатоб (коргари) тобандаи калоба
Калобатобак абзори тофтани калоба
Калобатобӣ тофтани калоба
Калонандоза дорои андозаи калон
Калонбуриш буриши калон; дорои буриши калон
Калонгап касе, ки бе мулоҳиза сухан мегӯяд ё худро ситоиш мекунад
Калонгапӣ бе мулоҳиза сухан гуфтан
Калонмева меваи калон; дорои меваи калон (дар бораи дарахт)
Калонпанҷа он ки панҷаҳояш калон (бузург) аст
Камар пушта, паҳнӣ
Камаргоҳ ҷойи пушта, масалан камари кӯҳ
Камгап касе, ки гапи зиёди беҳуда намегӯяд, камчоғ
Камгапӣ гапи зиёди беҳуда нагуфтан
Камгустариш кам густаришёфта
Камдид нодида гирифтан; писанд накардан
Камёб ниг.: камёфт
Камёфт ёфтнашаванда, кам дучоршаванда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё