Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Карахшзудоӣ зудудан (бартараф кардан)-и карахш
Карғ сангпораи сиёҳ
Карғзамин замини серкарғ (серсанг)
Карғтӯда тӯдаи карғ
Карда амал, кирдор
Кардор кирдор, рафтор
Карк пуслох, пучоқ
Каррабандӣ карра (мағорак) бастан
Карс қарс, рӯймоли занон, ки ба сар мебанданд
Карч пора, қисм; ҳисса
Кат ҷой, маҳал, мавзеъ
Кафа маҳсуле, ки баъди кафмолиш, яъне баъди дар кафи даст молидан пайдо мешавад
Кафидагӣ ҷойи кафидадор
Кафидагоҳ ҷое, ки кафидагӣ дорад
Кафиш амали кафидан
Кафишдиҳӣ кафиш додан, аз чанд ҷой кафондан
Кафкоб оби кафкдор
Кафкоба оби собун ё дигар маводи шуст; пасоби шустушӯй
Кафмола чизи нарми бо каф молида судакардашуда
Кафмолиш бо каф молида, сӯда кардан
Кафониш кафонидан
Кафшерпайваст бо кафшер пайваст кардан
Каҳандова андова бо лойи каҳдор
Каҳлой лое, ки ба он барои часпаку гиро шудан каҳ (коҳ) ҳамроҳ карда шудааст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё