Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Истилоҳот, яъне вожаҳои махсусе, ки номи мафҳумҳои ин ё он соҳаи фаъолияти тахассусии одамонро ифода мекунанд, яке аз қисматҳои муҳим ва воситаҳои тавонои рушду равнақи забони миллӣ ба шумор мераванд. Ба гуфтаи дигар, яке аз роҳҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии забон маҳз истилоҳсозӣ мебошад. Аз қонуниятҳои умумии рушди забон маълум аст, ки ҳамвора бо пешрафти соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон, мисли илм, техника, ҳунар, санъат, адабиёт, варзиш ва дигар соҳаҳои тахассусӣ, ба захираи луғавии забон ворид гардидани вожаву истилоҳоти нав ногузир аст. Аз ин рӯ гуфтан метавон, ки истилоҳсозӣ ҳамчунин яке аз василаҳои қавитар сохтани қоидаҳои вожасозӣ ва ибораороии забони миллӣ буда, ба афзун гардидани таркибу захираи луғавии он низ мусоидат карда метавонад.
Омӯзиш ва таҳқиқи таърихи ташаккул ва таҳаввули истилоҳоти забони тоҷикӣ собит месозад, ки дар марҳилаҳои гуногуни таърихи тоҷикон истилоҳсозӣ, хусусан бо истифодаи имкониятҳои дохилии забон сохтани ҳамтоҳои тоҷикии истилоҳоти забонҳои муқтадири илмӣ, аз ҷумла забони арабӣ (асрҳои VII- X), забони русӣ (дар замони шӯравӣ, аз охири асри XIX то ба имрӯз), забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва монанди инҳо (дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз аввали асри XXI то ба имрӯз), ба афзуншавии захираи луғавии забони тоҷикӣ, яъне ба афзуншавии вожаҳои тоҷикибунёд ва бадин васила ба рушди умумии забони адабии тоҷикӣ нақши муассир гузоштааст.
Бояд зикр намуд, ки дар ин маврид вожаҳои нави ифодакунандаи номи истилоҳи илмӣ дар заминаи нахуствожаҳои забони тоҷикӣ, яъне вожаҳои забонҳои паҳлавӣ, суғдӣ ва бохтарӣ сохта шудаанд. Баъдан дар натиҷаи истифодаи амалии забони тоҷикӣ, аз ҷумла, вобаста ба тағйироти дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии мардуми тоҷиктабор бавуқӯъоянда ва ба миён омадани зарурати ифодаи забонии чизу ҳодисаҳои нави воқеӣ, дар асоси ин нахуствожаҳо бо истифода аз қоидаҳои вожасозии забони тоҷикӣ (аз ҷумла, бо ҳамроҳ кардани пасванду пешванд ва миёнавандҳо, сохтани рехтавожаҳо, вожаҳои мураккаб ва монанди инҳо) вожаҳои нав сохта шуда, онҳо ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид шуданд ва онро афзунтар гардониданд.
Аз ҷумла, баъди ба сари қудрат омадани сулолаи Сомониён гардиши куллие дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми ин сарзамин ба вуқӯъ пайваст.
Муҳимтарин тағйирот – ин забони давлатӣ эълон шудани забони порсии дарӣ (яъне, забони тоҷикии имрӯза) дар тамоми қаламрави Мовароуннаҳр ва Хуросон буд. Дар баробари ин, давлати Сомониён дар доираи васеи қаламрави худ шароите фароҳам овард, ки боиси пешрафти пешаварӣ, илм, фикри иҷтимоӣ ва адабиёт гардид. Ин боиси пайдоиши муҳити донишпарваре гардид, ки дар он саромадони илми тоҷик Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абубакри Розӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абулвафои Бузҷонӣ барин олимони ҷаҳоншумул ба воя расиданд. Ин олимон, аз ҷумла ба тадқиқи олами атроф пардохта, асрори бисёре аз ҳодисаву рӯйдодҳои табиатро ошкор сохтанд ва натиҷаи тадқиқоти илмии худро дар шакли асарҳои илмӣ мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор доданд. Хусусан асарҳои илмии доир ба илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ офаридаи олимони бузурги аҳди Сомониён – Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Азбаски дар ин замон забони арабӣ ҳоло ҳам чун забони илм бо шаст пеш мерафт, ин мутафаккирони бузург низ дар оғози фаъолият асарҳои илмии худро бо забони арабӣ иншо намуданд, то дастраси аҳли умум гарданд ва аксарият аз натиҷаҳои тадқиқоти илмии онҳо бохабар шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё