Зеҳн
Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 155 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунончи, айни замон яке аз роҳҳои бо вожаҳои нав афзун гардонидани захира ва таркиби луғавии забони тоҷикӣ - истилоҳсозӣ, яъне сохтани ҳамгунаҳои тоҷикии истилоҳоти забонҳои пешрафтаи ҷаҳон, мисли забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ ва забонҳои дигар мебошад.
Таҷрибаи истилоҳсозӣ, хусусан сохтани истилоҳоти илмӣ ва илмию техникии тоҷикӣ нишон медиҳад, ки истилоҳ ва ибораҳои наве, ки бо истифода аз имконоти дохилии забони тоҷикӣ сохта шудаанд, метавонанд минбаъд маънии луғавӣ пайдо карда, ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид шаванд ва ганҷинаи вожагони тоҷикиро афзунтар гардонанд.
Тавре ки маълум аст, вожаҳо дар забони ҳар як халқу миллат барои ифода кардани номи шартии чизу ҳодисаҳое истифода мешаванд, ки дар шароити табиӣ вуҷуд доранд ва онҳоро инсон ҳамарӯза истифода ва мушоҳида мекунад. Ба иборати дигар, инсон барои аз якдигар фарқ карда тавонистани чизу ҳодисаҳои табиӣ онҳоро бо вожаҳои алоҳида номгузорӣ мекунад. Маҳз ҳамин гуна вожаҳо нахуствожаҳои забони ҳар як халқу миллатро ташкил медиҳанд.
Таҳлили захираи луғавии забони муосири тоҷикӣ дар асоси луғатномаву фарҳангҳое, ки бо ҳуруфоти кириллик таҳия гардидаанд, нишон медиҳад, ки нахуствожаҳои тоҷикӣ асосан вожаҳои зерин мебошанд:

  1. вожаҳое, ки бо ҳарфҳои «гоф», яъне «г»-и русӣ, «пе», яъне «п»-и русӣ, «ҷими форсӣ », яъне «че»-и русӣ ва «ж», яъне «же»-и русӣ оғоз шудаанд, зеро дар забони арабӣ, ки аксари вожаҳои забони муосири тоҷикиро ташкил медиҳанд, ин гуна ҳарфҳо вуҷуд надоранд, чунончи:
  • бо ҳарфи «г»: габз, габр, гавд, гавз, газ, ганг, ганд, ганҷ, гап, гард, гарм, гаст, гаҳ, гач, гашт, гесу, гиёҳ, гил, гир, гиря, гетӣ, геҷ, гиё , гиёҳ, гирд, гирифт, гов, гоз, гом, гоҳ, гул,гулӯ, гум, гун, гунг, гунё, гурд, гурз, гурс, гуфт, гӯй, гӯл, гӯр, гӯш ва ғайра;
  • бо ҳарфи «ж»: жав, жай, жак, жанг, жанд, жард, жарф, жаф, жафк, жах, жева, жиён, жинг, жож, жоф, жужа ва ғайра;
  • бо ҳарфи «пе»: пагоҳ, падар, падид, паж, пажмурда, пажӯҳиш, пазанда, пазируфтан, пазмон, пай, пайванд, пайваст, пайк, пайдо, паймон, пал, панд, паноҳ, пар, парво, парвоз, печ, пеш, пиёз, пиёда, пир, пой, пора, пошна, пошидан, пур, пушт, пӯё, пӯк, пӯст, пӯшок, пӯянда ва ғайра;
  • бо ҳарфи «че»: чағз, чак, чакра, чала, чам, чанг, чанд, чап, чарб, чарғ, чарм, чарс, чарх, часб, чатр,чах, чашм, чет, чеҳр, чиғ, чиз, чил, чим, чин, чирк, чит, чов, чок, чор, чоҳ, чош, чуғз, чуст, чӯб, чӯян ва ғайра.
  1. вожаҳое, ки дар таркибашон ҳарфҳои дар боло зикршударо доранд: ажғол, аждаҳор, анг, ангужад, авранг, ахгап, бачкам, бож, бужулак, вижа, вогӯй, вожа, вопас, дег, диж, каждум, качал, кинг, кӯж, кӯча, лағж, линг, ложвард, мижа, нажод ва ғайра; 3) вожаҳое, ки шакли феълӣ (масдар) доранд, ё дар шакли исми амал сохта шудаанд, масалан: анбӯҳ – анбӯҳиш, ангошт – ангоштан, андохт – андохтан, анҷом – анҷомидан (анҷомиш), басеҷ – басеҷидан, бистар – бистаронидан, буд – будиш, бурз – бурзидан, гувожа – гувожидан, ғеҷ – ғеҷидан, дурахш – дурахшидан, ёз – ёзидан, заҳ – заҳидан, лов – ловидан, намуд – намудан, ниёз – ниёзидан, оғол – оғолидан (оғолиш), ором - оромидан (оромиш), пахс – пахсидан, пахш
    – пахшидан, пурк – пуркидан, сутӯҳ – сутӯҳидан, фаҳм – фаҳмидан (фаҳмиш), харош – харошидан ва ғайра; 4) умуман, вожаҳое, ки аз ду, се ва ё чор ҳарф иборат буда, ба ҳиҷоҳо ҷудо намешаванд, чунончи (вожаҳо ихтиёран интихоб шудаанд):
  • номи чизҳои моддӣ: об, санг, хок, рег, гил, лой ва ғайра; номи чиз ва ҳодисаҳои табиӣ: барф, абр, бод, алав, шаб, рӯз, буғ, зим, кӯҳ, дарё, кӯл, моҳ, оташ, рӯд, сел, сол, ях ва ғайра;
  • номи асбобу анҷоми рӯзгор: бел, мех, дег, дост ва ғайра;
  • номи дарахтон, наботот ва меваҳо: бед, олу, анор, пада, гӯл, тут ва ғайра;
  • номи маъданҳо: мис, оҳан, сурб, сим, зар ва ғайра;
  • номи аъзои бадани инсон ва ҳайвонот: по, даст, сар, чашм, рӯй, гӯш, гӯшт, дил, дум, лаб, миён, мӯй, ноф, нӯл, пар, бол, хун, пӯст, пушт, раг, риш, тан, тухм, ҷон, шир ва ғайра;
  • номи ҳайвонот ва парандаҳо: саг, асп (асб), бабр, бӯз, гург, зоғ, кабк, мор, мурғ, муш, мӯр, оҳу, хар ва ғайра;
  • номи волидайн: духт (духтар), пур (писар), мард, зан ва ғайра; вожаҳои ишоратӣ: ана, ин, он ва ғайра;
  • вожаҳои ифодакунандаи шумора: анд, як, ду, се, чор, панҷ, шаш, ҳафт, нуҳ, даҳ;
  • вожаҳои ифодакунандаи амалу ҳаракат: афт, хез, дав, рав, рафт, омад, хоб, ҷаст, баст, тоб, тофт, шаст, гашт, бофт, бурд, ёфт, гир, сӯхт, раст, гуфт, ғел, ғеҷ, дод, дӯхт, зист, ист, канд, кишт, куфт, ларз, ҷӯш, рӯфт, омӯхт, афканд, сӯз, тохт, ҷунб ва ғайра;
  • вожаҳои ифодакунандаи сифати инсон, чизу ашёҳо ва ҳодисаҳо: бад, хуб, нағз, нек, зӯр, паст, ранг, бӯй, бӯя, гарм, сард (бард), сурх, ғафс, паҳн, жарф, ғунд, тез, суст, дер, зуд, жарф, зард, каҷ, рост, кунд, лӯч, мӯрт, нав, нарм, пир, пок, пур, сабз, сер, сиёҳ, танг, тар, хушк, тунд, турш, хурд, чарс, шӯр ва ғайра.
    Минбаъд дар заминаи ин вожаҳо бо истифодаи қоидаҳои гуногуни вожасозии забони тоҷикӣ вожаҳои нав сохта шуда, захираи луғавии забони тоҷикӣ рӯ ба афзунӣ ниҳодааст. Аз ҷумла, истилоҳсозӣ, яъне сохтани ҳамтоҳои тоҷикии истилоҳоти илмӣ аз забонҳои арабӣ, русӣ, англисӣ ва монанди инҳо воситаи муҳимми афзуншавии захираи вожагони тоҷикибунёд дар марҳилаҳои гуногуни таърихи давлатдории тоҷикон будааст.
пешина
аз 155
навбатӣ