Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Вале талабот ва сиёсати давлатдории Сомониён мутафаккирони даврро водор месохт, ки нисбат ба тараққӣ додани забони порсии дарӣ (яъне, тоҷикии имрӯза) ва татбиқи он дар соҳаи илм низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, имкониятҳои дохилии ин забонро дар баёни асосҳои илмҳои замона истифода баранд, то дурдонаҳои ҳар як илм дастраси аксари мардуми форсизабонон гардад.
Хушбахтона, олимони муътабари замон - Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ аз уҳдаи ин вазифаи заҳматталаб, вале боифтихор, низ баромада тавонистанд.
Натиҷаҳои тадқиқоти илмии худро доир ба илмҳои мантиқ, ҳандаса, табииёт, ҳайат ва монанди ин бо забони форсии тоҷикӣ Абуалӣ ибни Сино дар асарҳои «Донишнома» ва Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим»2 ва чанди дигар баён карданд.
Таҳлили забонии «Донишнома»-и Сино собит мекунад, ки он бо истифодаи комил аз имкониятҳои дохилии забони порсии дарӣ дар он марҳилаи ташаккул иншо гардидааст. Дар асар зимни сохтани муодилҳои тоҷикии истилоҳоти илмии арабӣ бо истифода аз қоидаҳои гуногуни вожасозии забони тоҷикӣ вожаҳои тоҷикие сохта шудаанд, ки минбаъд бо маъниҳои луғавии худ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид гардида, ба афзунгардии он мусоидат намудаанд, аз ҷумла: ҷунбиш, чиз, гардиш, сесӯ, чорсӯ, дониш, созгор, куниш, тавоноӣ, рост, барсӯ, фурӯсӯ, зудҷунб, ангориш, носозӣ, ночиз, нопазиро, ногарм, носард, нотобишӣ, норост, берӯшноӣ, бегармӣ, беандоза, молиш, бисовиш, пӯшан, пазиро, оромиш, паҳно, миёнҷӣ, созӣ, офтоба,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё