Зеҳн
Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 155 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гармоба, сиёча, нишона, ҳисоба, куно, шунаво, дарозо, чашо, ҷунбишпазир, таркибпазир, буриндангоҳ, гармгоҳ, миёнгоҳ, ҷойгоҳ, оташкада, гармшаванда, ҷунбишдор, гармипазир, дерҷунб, пасопеш, камобеш, яксӯ, обкаш, дардзо, обдузд, дардраҳо ва ғайра.
Муҳаққиқон собит намудаанд, ки таносуби калимаву истилоҳоти тоҷикӣ ва арабӣ дар «Донишнома» чунин аст:
дар мантиқ – 68 % ва 32 %, дар илми барин (метафизика) – 63 % ва 37 % дар илми зерин (физика) – 83 % ва 17 % 3.
Тавре ки қаблан зикр гардид, донишманди дигари оламшумул, ки дар ин давра ба баён кардани асосҳои илмҳои замона, мисли риёзӣ (математика), ҳандаса (геометрия), ҳайат (астрономия) ва ҷуғрофия (география), ҳамчунин эҷод кардан ва мураттаб сохтани истилоҳоти ин илмҳо хизмати босазо кардааст, Абӯрайҳони Берунӣ мебошад. Ӯ дар асари «Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноатит-танҷим», ки соли 1029 ба забони порсии дарӣ, яъне тоҷикӣ таълиф кардааст, мафҳумҳои зиёди илмиро бо шарҳи мафҳуми онҳо бо забони порсии дарӣ гирд овардааст.
Таҳлил ва таҳқиқи луғавии забони «Китоб-ут-тафҳим» нишон медиҳад, ки дар он дар баробари истифодаи вожаҳои аллакай маъмули тоҷикӣ, барои ифода кардани ҳамтоҳои тоҷикии истилоҳоти илмии арабӣ, вожаҳои зиёди нави сирф тоҷикӣ низ сохта шудаанд:, масалан: дарозо, паҳно, жарфо, баландӣ, чандӣ, шумор, барх, бун, вуреб, гунда, донг, дунб, дунбол, дур, дурушт, замин, тӯл, кура, гӯй, гӯша, ситора, сӯй, сапеда, рӯшноӣ, Офтоб, Моҳ, Замин, Шамс, андоза, мағӣ, гардиш, бунгоҳ, гаронрав, дарёбор, заминларз, обҷой, ростсӯ, ростсутун, соядор, фурӯсӯ, чапсӯ, ҷойгоҳ, Тиргон, Меҳргон, Парвардагон, якӣ, якон, даҳгон, садгон, шуморгар, кеҳтарин, бештарин, нимрӯзон, шаборӯз, обонмоҳ, ситораёб, андомбурида, овоздиҳанда, баландовоз, панҷпаҳлӯ, шашпаҳлӯ, ростпаҳлӯ, дунбол, пинҳон, сӯхтан, гирифт, монанда, бастагӣ, боистҳо, гардон, дарёак, даҳана, дурӣ, норост, тобиш, бошгуна, баҳамкарда, наростпаҳлӯ, нохубкорӣ, божгуна, бараҳмонд, баробарӣ, барҳамкашида, барҳамниҳода, башуморкарда, бодреса, гармобонӣ, донахора, дуруштнок, огоҳидеҳ, сипасрав, сохткарда ва ғайра.
Дар асрҳои X –XII донишмандони дигари тоҷик кӯшиш намуданд, ки анъанаҳои Сино ва Беруниро дар ифода кардани афкори илмӣ бо забони тоҷикӣ ва сохтани истилоҳоти тоҷикии соҳаҳои дигари илм, мисли фалсафа, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, тиб(б) ва ғайра идома диҳанд. Дар сохтани истилоҳоти тоҷикии фалсафӣ саҳми олимон ва файласуфони дигар – Насириддини Тӯсӣ, Қутбиддини Шерозӣ ва дигарон низ хеле арзанда аст. Исмоили Ҷурҷонӣ дар асари худ «Хазинаи Хоразмшоҳӣ» дар баробари ифода кардани афкори олимони табиби давр, дар сохтани истилоҳоти тоҷикии тиббӣ хизмати арзанда намудааст.
Чунончи, истилоҳҳое, ки дар ин асар истифода шудаанд, мисли беморӣ, хафақон (астма), ярақон (желтуха), тандуруст, ширхора, зарабон, хунмурдагӣ, хобмондагӣ, бодангез, хунафзой, дардманд, шикастабандӣ ва ғайра, аз ҷиҳати шакл ва муҷазӣ ҷолиби диққат мебошанд. Дар «Сиёсатнома»-и Низомулмулк истилоҳҳои соҳаи ҳуқуқ, сиёсатмадорӣ ва ҳарбӣ аз захираи луғавии забони тоҷикӣ гирифта шудаанд ва ё бо истифода аз имкониятҳои забони тоҷикӣ хеле зебо сохта шудаанд: сипаҳсолор, додгар, додгустар, дарбон, посбон, тиркаш, доварӣ ва ғайра.
Марҳилаи дигари таърихии афзунгардии захираи лағавии забони тоҷикӣ - замони шӯравӣ, шуруъ аз солҳои бистуму сиюми қарни XX то охири ин аср мебошад. Дар ибтидои қарни XX ба сабаби воқеаҳои сиёсӣ, ташкил шудани Иттиҳоди Шуравӣ, яъне ба вуҷуд омадани низоми нави давлатдорӣ ва дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам омад, ки илмҳои замона дар Тоҷикистон аз нав заминагузорӣ шуда, рӯ ба тараққӣ ниҳанд.

пешина
аз 155
навбатӣ