Зеҳн
Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 155 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сиёсати нави Иттиҳоди Шӯравӣ имкон дод, ки дар Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон барои саводнок кардани тамоми табақаҳои ҷомеа мактабҳои таҳсилот ташкил карда шаванд. Дар ин маврид талабот хусусан нисбат ба омӯзондани илмҳои муосир дар мактабҳои миёна вазифае пеш гузошт, ки дар забони тоҷикӣ китобҳои дарсӣ оид ба асосҳои илмҳои математика, физика, химия, биология ва монанди инҳо ба вуҷуд оварда шаванд.
Тарҷумаи китобҳои дарсии русӣ ба тоҷикӣ ҳамчун воситаи асосии таълифи китобҳои дарсӣ ба ҳукми анаъана даромад, яъне акнун шароите фароҳам омад, ки забони тоҷикӣ аз нав дар баёни асосҳои илмҳои муосир, аз ҷумла илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ истифода шавад.
Дар саҳифаҳои китобҳои дарсии солҳои 20-30 мисли «Табииёт», «Ҳисоб», «Ҳикмат» (физика) ва ғайра ба истилоҳҳое дучор омадан мумкин аст, ки мувофиқи анъанаҳои Ибни Сино сохта шудаанд: оташароба (поезд), секунҷа (треугольник), санҷишшиша (пробирка), чакрарез (пипетка), ҷӯшиш (кипение), туршиш (окисление), шохабандӣ (ветвение), хӯшаандозӣ (колошение), туршӣ (кислота), туршизо (кислород), дучарха (велосипед), тӯдагул (соцветие), зарринбарг (златолистик), бинибин (риноскоп) ва ғайра.

пешина
аз 155
навбатӣ