Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Минбаъд зимни тарҷумаи китобҳои дарсӣ оид ба асосҳои илмҳои замона барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна (солҳои 1930-1960) бо истифода аз калимаҳои бунёдан тоҷикӣ истилоҳҳои зиёде сохта шуданд, ки бархе аз онҳо бо маъниҳои луғавии худ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид гардида, ба калимаҳои оммафаҳми тоҷикӣ табдил ёфтанд, чунончи: корхона, бозгашт, даргирӣ, таркиш, ҷустуҷӯ, канданӣ, пошхӯрӣ, чархиш, тобхӯрӣ, сарпӯш, боррасонӣ, бориш, барҷастагӣ, сабзониш, сӯзишворӣ, лаппиш, хушконӣ, часпакӣ, намкашӣ, намнокӣ, боркаш, борбардорӣ, камшавӣ, зиёдшавӣ, хурдшавӣ, калоншавӣ, резакунӣ, дудкаш, гармибардорӣ, сахтӣ, дуруштӣ, басташавӣ, дарбанд, сарбанд, фурӯравӣ, обрасонӣ, андозагирӣ, даҳонак, каҷӣ, ҷойивазкунӣ ва монанди инҳо.
Мавриди зикр аст, ки таъсис дода шудани Кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1960) ва ба он ҷалб карда шудани олимони шонздаҳ соҳаи илм, ба кори истилоҳсозӣ дар забони тоҷикӣ такони ҷиддӣ бахшида, барои дар заминаи имкониятҳои дохилии забони тоҷикӣ сохта шудани ҳамтоҳои истилоҳоти илмию техникии тоҷикӣ ва бад-ин васила ворид гардидани вожаҳои нав ба захираи луғавии забони тоҷикӣ мусоидат намуд. Баъди таъсиси кумитаи мазкур кори истилоҳсозӣ дар забони тоҷикӣ асосан бо ду восита ба роҳ монда шуд: а) таълифи луғатҳои дузабонӣ (русӣ ба тоҷикӣ)-и истилоҳоти соҳавӣ; б) таълиф ва тарҷумаи китобҳои илмӣ ва дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ.
Ҳамин аст, ки солҳои баъд, вобаста ба он тағйироте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, хусусан соҳаҳои илму фан ба амал омаданд, ҳамчунин дар раванди тарҷумаи жанрҳои гуногуни адабиёти илмию техникӣ ба забони тоҷикӣ, таҳияи луғатҳои русӣ ба тоҷикии истилоҳоти соҳавӣ, дар заминаи вожаҳои аллакай мавҷудаи забони тоҷикӣ вожаҳои наве сохта шуда, бо маъниҳои луғавии худ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид гардиданд, аз ҷумла: оташнишонӣ, моҳвора, моҳнавард, моҳгард, кӯчиш, чархиш, коҳиш, афканиш, нурафшонӣ, фурӯбурд, сахтӣ, дуруштӣ, сахтӣ, часбоӣ, ғунҷоӣ, тирагӣ, бодхӯрдашавӣ, нобаробарӣ, тезкунҷа, росткунҷа, таркиш, буғронӣ, мӯртият, сойиш, яхбандӣ, сангреза, ғӯзакашӣ, тухмипошӣ, тухмипошак, заминҷунбӣ, сихмолла, шонабандӣ, бузургӣ, карахш, лаппиш, ларзиш, кӯракчинӣ, абаршороӣ, рабоиш, часпиш, молиш, гармиғунҷоиш, зичӣ, сершавӣ, пешрафт, нишондиҳанда, паҳншавӣ, густариш, тобиш, гармидиҳӣ, гармирасонӣ, гармигузаронӣ, чоркунҷа, шашкунҷа, нимкоҳиш, нимпаҳно, пазирандагӣ, ҷунбандагӣ, печандагӣ, шикандадагӣ, фурӯбарандагӣ, камомад, телахӯрд, зарраборон, худларзиш, худангезиш, гузариш, гудозиш, ёзиш, шориш, каҷӣ, ҷӯрӣ, ҳамворӣ, ғеҷиш, бархӯрд, рангсанҷӣ, кашиш, порашавӣ, тобандагӣ, шахшавӣ, баробарӣ, гаштовар ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё