Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Марҳилаи нави таърихӣ ва муҳимми афзунгардонии захираи луғавии забони тоҷикӣ, давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 90-уми асри гузашта то ба имрӯз мебошад. Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва қабул гардидани Қонун оид ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз падидаҳои муҳим дар таърихи нави давлатдории тоҷикон мебошад. Ин падидаҳо водор месозанд, ки акнун забони тоҷикӣ бояд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву илмии кишвар амалан истифода карда шавад. Чунончи, ҷиҳати муомилоту муошироти илмӣ, мубодилаи илмӣ ва болобурди ҷаҳонбинии илмии ҷомеа дар соҳаи илм бавуҷуд овардани забони илмии тоҷикӣ чун як вазифаи муҳим падид омадааст.
Дар замони муосир яке аз роҳҳои бо вожаҳои нав афзун гардонидани захира ва таркиби луғавии забони тоҷикӣ - истилоҳсозӣ, яъне сохтани ҳамгунаҳои тоҷикии истилоҳоти забонҳои муқтадири илмӣ, мисли забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва забонҳои дигар мебошад.
Таҷрибаи истилоҳсозӣ, хусусан сохтани истилоҳоти илмӣ ва илмию техникии тоҷикӣ нишон медиҳад, ки истилоҳ ва ибораҳои наве, ки бо истифода аз имконоти дохилии забони тоҷикӣ сохта шудаанд, метавонанд минбаъд маънии луғавӣ пайдо карда, ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид шаванд ва ганҷинаи вожагони тоҷикиро афзунтар гардонанд, масалан: абаровоз, абартоза, абаршоро, абаршороӣ, ангезандагӣ, андаркашӣ, андаркӯфт, афзоишдеҳак, бардоб, барӯомад, барӯрафт, барсӯдод, барфбод, боднерӯ, бодрез, бодрониш, бодҷунбиш, бозкард, бӯйрониш, водиҳиш, вокард, воҷаббиш, гардишнамо, гармизудоӣ, гудозпазирӣ, гудохтаоҳан, зудшориш, зудҷӯшиш, каҷрафт, кашидабандӣ, корандозӣ, корандозак, кӯҳбод, ларзабардорӣ, намзудоӣ, нафтполоӣ, неруфизо, неруфизоӣ, осонгудоз, паҳнрӯя, пошхӯрд, рангзудо, рангзудоӣ, сардбод, суфтасанг, сӯгардонӣ, тафспазирӣ, тафсхӯрандагӣ, тезҷунбо, тезшоро, тобовард, фурӯомад, фурӯрафт, хокамоно, худларз, худҷунб, ҳамомад, чиркзудо, чошдод, ҷунбона, ҷӯшзанӣ, шастомад, шастрафт, шитобдав, якдав, яккарафт, яхзамин ва ғайра.
Ҳамин тариқ, истилоҳ ва истилоҳсозӣ яке аз сарчашмаҳои асосии афзунгардонии захираи луғавии забони тоҷикӣ ва ганҷинаи вожагони он дар марҳилаҳои гуногуни таърихии давлатдории тоҷикон будааст ва мебошад.
Вожаномае, ки мавриди таваҷҷуҳи соҳибзабонон қарор дода мешавад, беш аз 4000 вожаи нави тоҷикибунёд ва маъниҳои луғавии онҳоро, ки зимни мушоҳидаҳои шахсии муаллиф нисбат ба ҳодисаву рӯйдод ва падидаҳои табиат, шунидаҳо, хондаҳо, ҳамчунин зимни сохтани ҳамгунаҳои тоҷикии вожагони илмию техникии русӣ (англисӣ) сохта шудаанд, дар бар мегирад. Вожаҳои нав дар заминаи вожаҳои бунёдан (сирфан)-и тоҷикӣ сохта шудаанд ва метавонанд ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид шуда, ҳиссаи вожагони тоҷикибунёдро дар захираи умумии луғавии забони тоҷикӣ афзун гардонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё