Зеҳн
Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 155 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бояд ёдовар шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 4 октябри соли 2019 дар иртибот ба зарурати корбасти баъзе вожаҳои асили мавҷуд дар шеваҳои тоҷикӣ чунин таъкид намуданд: «Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд».
Вобаста ба ин таъкид, дар фарҳанги мазкур зимни сохтани вожаҳои нав, бархе вожаҳои дар шеваҳои тоҷикӣ маъмул низ ба гуфти устод Садриддин Айнӣ - «бо сӯҳони қоида суфта ва бо чилбури маънӣ сайқал дода» корбаст шудаанд.
Албатта, ин роҳи вожасозӣ нахустин буда, дар ин зимн шояд вожаҳое низ сохта шуда бошанд, ки аз ин ё он ҷиҳати забонӣ камӣ ё норасоӣ дошта бошанд, масалан, бо қолабҳои маъмули забони тоҷикӣ сохта нашуда бошанд ё тафсирашон чандон комил набошад. Умеди боварӣ менамоем, ки дар оянда бо дастгирии забоншиносону истилоҳсозони тоҷик ин вожанома саҳеҳтар гардида, тавассути он дар роҳи афзунгардонии ганҷинаи вожагони сирф тоҷикӣ қадамҳои устувортаре гузошта мешаванд.

пешина
аз 155
навбатӣ