Вожагони Нави Тоҷикибунёд

А
Абарбино бинои калонҳаҷм
Абарғар ғар (гар, кӯҳ)-и баланд
Абардаст одаме, ки дастони ҳузарб дорад
Абардег деги калонҳаҷм
Абардеҳа деҳаи хеле калон (масоҳаташ зиёд)
Абарзамин замини хеле калон (масоҳаташ зиёд)
Абарзан зани хеле ҷасуру нотарс; зани оқил
Абаркада ҷой ё мавзеи хеле калон (масоҳаташ зиёд)
Абаркант кант (шаҳр)-и хеле калон (масоҳаташ зиёд)
Абаркӯҳ кӯҳи ниҳоят бузург
Абармард марди хеле ҷасуру нотарс; марди оқил
Абаровоз овози ниҳоят баланд; дорои овози баландтарин, тенор
Абарпок беҳад покиза (ноолуда)
Абарпокӣ покӣ (тозагӣ)-и ниҳоят зиёд доштан
Абарроҳ роҳи бузург (паҳноиаш зиёд), шоҳроҳ
Абарсанг санги калонҳаҷм
Абарсахт чизи беҳад сахт
Абарсахтӣ сахтии беҳад зиёд доштан
Абарситора ситораи бузургтар аз ситораҳои дигар
Абартан одами тану ҷуссаи бузургдошта
Абархона хонаи калонҳаҷм
Абарчиз чизи калонҳаҷм
Абаршаҳр шаҳри бузург
Абефарҳанг бефарҳанг, бедониш
Абефурӯз бенур, безиё
Абзоршиша шишаи абзорсозӣ
Аборандуд бо абор (сурб, қурғошим) андудашуда
Абрдав мисли абр даванда, тездав
Абрпора пораи абр
Авазиш ба сӯйи баръакс вазидани бод (шамол)
Агуфтор касе, ки ҳамеша муқобили сухани каси дигар сухан мекунад
Акирдор касе, ки ҳамеша муқобили кирдори каси дигар амал мекунад
Алмосарра арраи алмосӣ
Алмосмоно монанди алмос
Алмоспарма пармаи алмосӣ
Аловпаз ба воситаи алав (оташ) пухташуда (пазондашуда), дар алав пухташуда
Аловпухт ба воситаи алав (оташ) пухтан (пазондан), дар алав пухтан
Алфанҷиш андухтан, захира кардан
Анбармоно монанди анбар
Анбошта ниг.: андӯхта
Ангезандагӣ хусусияти ангехтан доштан
Ангиштбез абзори бехтани ангишт
Ангиштбезӣ бехтани ангишт
Ангиштполо абзори полуда, тоза кардани ангишт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё