Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Ходачӯб чӯбе, ки бо он меваи пӯхтаи дарахтонро мерезонанд
Хокаангишт ангишти хокашакл
Хокадору доруи хокашакл
Хокамоно монанд ба хока
Хокатило тилое, ки дар шакли хока мавҷуд аст
Хокашир шири хока
Хокашӯст бо хокаи собун (ё дигар маводи шустушӯйӣ) шустан
Хокбез воситаи бехтани хок
Хокбезӣ бехта тоза кардани хок
Хокбод боди хокомез
Хокбунёд ҳар чи, ки бунёдаш хок аст
Хокгардонӣ чаппа гардонидани хоки замин
Хокдамиш дамида баромадани хок
Хокжӯлиш бо хок жӯлидан (омехта ё олуда шудан)
Хокканак воситаи кандани хок; ҷойи кандани хок
Хокоба оби хоколуд
Хокобдиҳӣ додани оби нахустин ба замини обнахӯрда
Хоколоиш бо хок олуда кардан
Хоколуда бо хок олудашуда
Хокпайдо ҳар чи, ки аз хок пайдо мешавад
Хокпош хок пошанда; хок пошидашуда
Хокпошӣ хок пошидан
Хокпошонӣ хок пошонидан
Хокпушта пуштаи хокӣ
Хокпӯсиш пӯсидани хок
Хокпӯш бо хок пӯшонидашуда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо