Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Харобгарӣ харобкорӣ, вайронкорӣ
Хароша харошанда
Харошасанг санги харошанда
Харошдиҳӣ харош додан, харошидан
Хасакгул гули хасакӣ (ёбоӣ)
Хасакдӯст дӯсти хасакӣ (ноустувор)
Хасакдӯстӣ дӯстии хасакӣ (дурӯғин, ноустувор)
Хасрӯба рӯбаи хас, хасе. Ки дар натиҷаи рӯфтан ҷамъ мешавад
Хастабарорӣ хастагиро баровардан (бартараф кардан)
Хастанамо одаме, ки хаста менамояд
Хафакард хафа кардан, буғӣ кардан
Хезкард хез кардан, ҷастан
Хезоб оби болоҷаҳанда; оби мавҷзананда
Хезоба мавҷ, оби туғён
Хирадҷӯ(й) ҷӯяндаи хирад (дониш)
Хирадҷӯйӣ ҷӯстани хирад (дониш)
Хирасӯхт хира-хира сӯхтан
Хирачароғ чароғи хира (тира)
Хиштдош дош (кӯра)-и хиштпазӣ
Хобафзор афзори хобравӣ
Хобина ниг.: хобона
Хобишдиҳӣ ба сӯе хобонидан (такя додан)
Хобона хобонанда; воситаи хобишдиҳӣ (такядиҳӣ)
Хобоначӯб чӯби хобонабоб; ниг.: хобона
Хобониш хобонидан; ба таги замин хобондани чизе (масалан лӯла, сим ва ғайра)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо