Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Хокпӯшӣ бо хок пӯшидан
Хокпӯшонӣ бо хок пӯшонидан
Хокрӯба рӯбаи хок, хоке, ки дар натиҷаи рӯфтан ҷамъ мешавад
Хоксириштагӣ бо хок сиришташуда (омехташуда, оғишташуда)
Хоктак(ак) воситаи такидан (бехтан)-и хок
Хоктакиш такидан (бехтан)-и хок
Хокхобонӣ хокро хобонда сахт кардан
Хокшӯра шӯраи хокӣ
Хомгил гили хом
Хомзар зари хом (тозакарданашуда)
Хомнафт нафти нимтайёр
Хомӯшгардонӣ ба ҳолати хомӯшӣ овардан
Хонагар хонасоз ва деворгар
Хордевора деворае, ки аз хор баста шудааст
Хорониш ба хориш овардан
Хостагирифт хоста гирифтан, ҷудо карда гирифтан
Хостина чизи хоста гирифташаванда
Хосторманд довталаб
Хошокдон ҷойе, ки он ҷо хошок гузоранд
Хуббаст ниг.: хубпайваст
Хубгуфтор одаме, ки гуфтораш хуб аст
Хубрафтор одаме, ки рафтораш хуб аст
Хубпайваст пайвасти хуб (муносиб, мувофиқ)
Худангезиш худ ба худ ба ангезиш (ҳаяҷон) омадан
Худгардиш худ ба худ ба гардиш омадан
Худгаро худро ба чизе гаравонидан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо