Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Роҳрави даҳлези ошёнаи сеюм ҳам чун худи ошёнаи якум бо қолини бартанги моҳутдор пӯшонида шуда буд. Бархилофи даҳлези ошёнаи якум дар деворҳои даҳлези ошёнаи сеюм мусаввараҳои зебое овехта шуда буданд ва аз шуои офтоби тариқи оинаи шафофи тиреза воридшуда баъзе аз аксҳое, ки таҷассумгари табиат буданд, дар назар мавҷ мезаданд. Аз дидани чунин манзара бошад ва ё аз ҳаракат дар болои қолини моҳутдор, ки лаҳзае сарам чарх зад...
Лаҳзаи ноқулай ҳам бошад, дар майнаам фикрҳои мухталиф пайдо шуданд ва аз замирам нидое бархест, ки донистан мехост: - Оё банда низ рўзе соҳиби чунин ҷову ҷалол мешуда бошам?
Новобаста аз он ки банда барои беҳтар намудани шароити манзилӣ ниёз доштам, вале бо чунин маоше, ки ман мегирифтам, соҳиби чунин ҷову ҷалол гаштанро хаёли хом шумурдам. Чунин ҷавоб ба қалби решам маъқул нашуд, вале чӣ илоҷ, ки бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Ман барои он шукр гуфтам, ки бо ҳама дасткӯтоҳӣ ва каму беши рўзгор ҷон дар рамақ дорам.
Ҳарчанд мурдан амри ҳақ аст, вале бандаро як фикр ором намегузошт, ки бо кадом сабаб худобехабаре қасд ба ҷони марде намудааст,ки ўро мол аз моли Қорун кам набуда.
Дар ҳамин ҷо андешаҳои банда каме лапиш хӯрд ва мавҷи он бандаро ба соҳилҳои дури дур ба он тарафи уқёнус ба суҳбати рўзноманигори New York times бо доротарин марди дунё Рокфелер бурд.
“Рӯзноманигор: -Ҷаноби Рокфелер, мехостам барои ҳамаи онҳое, ки мисли шумо ба чунин муваффақиятҳо ноил шудан мехоҳанд, сири асосии муваффақияти хешро мекушодед?
Рокфелер: - Пеш аз ҳама аз сар дур намудани каломе, ки гуё камбағалӣ айб нест.” Бар хилофи суханони ҷаноби Рокфелер бобои ман (илоҳо равонаш шод бошад) ҳамеша таъкид карда мегуфт: - Фарзандонам, ба моли дунё дил набандед, фаромуш насозед, ки давлат лат гуфтаанд.
Ба ростӣ, ман дар ҳамон лаҳза посухи ҷаноби Рокфелер ва каломи аз забони худораҳматии бобоям шунидаро ба мизони вақт гузоштам ва дар ҳамин ҷо ҳам ҳисси миллатчигӣ, хешутаборӣ дар замирам ҷўш зад ва каломи аз забони бобоям шунидаро дуруст шуморидам, чунки ман дар чунин муҳит калон шудам ва дар ҳамин лаҳзаҳо ҳам каломи мардумӣ “ҳеҷ кас нагуфтааст, ки дўғи ман туруш аст” - ро мавриди андешаҳои хеш қарор додам.




