Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

-Ҳама рафтанд.
-Шумо чаро нарафтед?
-Охир ин минтақаи хизмати банда аст ва ман наметавонам бе рухсати сардори гурӯҳи тафтишотӣ аз ин маҳал берун равам.
-Соҳибхонаро мешинохтед?
-Мешинохтам, вале боре ҳам бо вай суҳбат накарда будам.
-Яъне, намешинохтед?
-Ман алакай суханамро гуфтам, рафиқ майор.
-Ин қасри кошӣ моли шахсии ўст? -Бинои сеошёнаи дохили ҳавлиро нишон дода пурсидам ман.
-Бале.
-Ба андешаи шумо барои чунин сохтмон чӣ қадар маблағ лозим?
-Аз куҷо донам? - китф ба ҳам кашида гуфт нозири минтақавӣ.
-Рафту агар боре бо соҳибхона ҳамсуҳбат мешудед, мефаҳмидед, ки ўро чӣ оҳе дар замир аст.
-Шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки вай боре ҳам пойи болои қонун нагузошта буд ва касе ҳам аз болояш шикоят накарда буд.
-Чунин афрод аслан дар зоҳир итоаткунандаи қонунанд, вале ботини онҳоро худо медонад.
-Шояд шуморо гусел намоям? - аз вазъи ногувор худро раҳонданӣ шуда риштаи суханро ба даст гирифта гуфт мусоҳиби ман.
-Мегуфтед, ки ман ба куҷо равам?
Баъди гирифтани дастур бо нозири минтақавӣ муваққатан худоҳофизӣ намуда, вориди бино шудам. Аз рўйи дастури аз нозири минтақавӣ гирифтаам ман бояд ба ошёнаи сеюм мебаромадам. Барои ҳамин ҳам ба маркази даҳлези ошёнаи якум қадам ниҳода, тариқи зинаи доирашакл, ки қисми ҳимоявиаш (перила ) бо чӯби зебое кандакорӣ шуда буд, ба боло ҳаракат намудам. Ба ростӣ,- дидани ҳамин як зина кифоя буд, ки ба кадом табақаи аҳолӣ шомил будани соҳибхонаро баҳо диҳӣ...




