Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
омада монад, ӯ, албатта, мефаҳмад, ки ҳеҷ кас ба назди вай баромада наметавонад, — дар он сурат, лутфан, шумо камтар ӯро нигоҳ доред. Шумо ба ман қавл медиҳед?
— Модоме, ки шумо илтимос мекунед, албатта.
— Ташаккур. Вақте ки омад, ҳатман ба ман хабар диҳед. Ман худам иззаташро ба ҷо меорам.
— Метарсам, ки мисс, мабодо иштиҳояшро баста намонед. Ҳатто гурғи гурусна баробари дидани шумо ё шунидани овози чарангосии шумо дилаш сер мешавад. Вақте ба ин ҷо омаданам чунон гурусна будам, ки агар мурғи марҷони хом мебуд, паққос мезадам. Вале акнун хӯрок ҳам даркор не, як моҳ бошад ҳам, таом нахӯрда гашта метавонам.
Дар ҷавоби суханони шикорчии пир Луиза хандаи чарангосне кард ва ба он тарафи ҳавлӣ нишон дод, ки аз дари ошхона Флоринда лаълӣ ба даст мебаромад ва аз пасаш Плутон меомад, — ӯ низ лаълӣ дар даст дошт, вале он васеътар ва басе дурустакак бор карда шуда буд.
— Эҳ, кӯҳпайкари азиз! — бардурӯғ, таъназанон гуфт креолдухтар. — Ҳеҷ бовар намекунам, ки бо осонӣ иштиҳои шумо баста мешуда бошад... Ана, Плутону Флоринда ҳам расида омаданд! Он чи ки онҳо оварда истодаанд, аз ман дида бо шумо нағзтар улфатӣ мекунад. Бинобар ҳамин ман шуморо монда меравам. То дидан Зеб! То дидан!
Ин суханон бо оҳанги ширин ифода карда шуданд; Луиза форигболона аз айвон гузашт, вале ҳамин ки худро дар ҳуҷрааш танҳо дид, аз нав ғарқи фикру хаёл гардид.
«Тақдирам ҳамин. Ман ҳис мекунам, ман инро медонам. Ман метарсам, ки ба истиқболи тақдир равам, вале қудрате надорам, ки худдорӣ кунам. Наметавонам ва намехоҳам!» — пичиррос зад ӯ.
Боби XII
РОМ КАРДАНИ АСПИ ВАҲШӢ
Асотея — қисми аз ҳама дилписанди ҳавлии мексикой мебошад: фарши он — боми ҳамвори асиенда, бомаш бошад — гумбази кабуди фалак аст. Дар ҳавои нағз — дар ин иқлими пурфайзу баракат ҳамеша ҳаво нағз аст — асотеяро ҳамчун меҳмонхона истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё