Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
мумкин нест, аммо ин ҷавон — аз ҳар ҷиҳат ҷентельмен мебо-шад: бо вуҷуди шикорчӣ ва ба замми он ирландӣ буданаш, ав-лодан, аз рӯи тарбия ва кирдору рафтораш ҷентельмен мебо-шад.
Чун Луиза Пойндекстер фикру ақидаи шикорчӣ пирро дар бораи Морис-мустангер шунид, чашмонаш аз хурсандӣ дурах-шиданд.
— Вале медонед,— ба гапаш давом намуд Зеб, ки гӯё дар дилаш шубҳае пайдо шуда буд,— аз рӯи дӯстӣ ба шумо мегӯ-ям: бо дасти дигар кас меҳмоннавозӣ кардан ҷавонро меранҷо-над. Охир ӯ, чи тавре ки дар мо, дар Миссисипи баъзан мегуф-танд, «Пойндекстер барин мағрур аст». Бубахшед, мисс Луиза, ки ин гап ноҷо аз даҳонам баромад. Ман фаромӯш кардам, ки бо мисс Пойндекстер — бо кибру ғуруртарини онҳо не, балки бо зеботарин каси аҳли ин оила гап мезанам.
— Оҳ мистер Стумп, ҳар чӣ ки мехоҳед, ба ман гуфта ме-тавонед. Медонед, ки ман аз шумо, аз кӯҳпайкари азизи мо на-меранҷам.
— Забони кӣ мегардад, ки ба шумо, мисс Луиза, ягон га-пи малоловар гӯяд?
— Ташаккур, ташаккур! Ман дили наҷиби шумо, садоқату вафодории шуморо медонам. Шояд, ягон вақт мистер Стумп... — ӯ инро дудила гуфт,— дӯстии шумо ба ман даркор шуда мо-над.
— Ман бо дилу ҷон тайёр, мисс Пойндекстер. Зеб Стумп пирро ба шумо ваъда медиҳад.
— Раҳмат! Ҳазор раҳмат!.. Вале шумо чӣ гуфтанӣ будед? Шумо дар бораи меҳмоннавозӣ бо дасти дигар кас гуфтед?
— Ҳа, гуфтам.
— Шумо чӣро дар назар доштед?
— Ман гуфтанӣ будам: фоида надорад, агар ман дар хо-наи шумо ба Морис-мустангер нӯшиданӣю хӯрданӣ таклиф кунам. Магар ҳамин ки фақат падаратон худаш ба вай муро-от кунанд, набошад ӯ ба ягон чиз даст нарасонда монда мера-вад. Мефаҳмед, мисс Луиза, охир вай аз он касоне нест, ки ӯро ба ошхона фиристодан мумкин бошад.
Креолдухтари ҷавон дар додани ҷавоб шитоб накард — ӯ гӯё ба фикру хаёл фурӯ рафт.
— Хӯб шудаст, хотирҷамъ бошед,— оқибат гуфт ӯ ва аз оҳанги гапзаниаш пай бурдан мумкин буд, ки дудилагиаш тамом шуд.— Хӯб шудаст, мистер Стумп, ӯро муроот накунед. Вақте ки омад, ба ман хабар диҳед. Вале, агар дар аснои таомҳурӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё