Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ҳамроҳи шикорчии пир асбони ёбоиро ба сафар тайёр карда, онҳоро ба якдигар мебаст. Дар ин байн Морис бо аспи худ ва модиёни гули бодом машғул буд. Ӯ ба асираи хушандом махсусан аҳамияти калон медод: ёлу думи онро бодиққат кашав мекард ва аз пашми ялаққоси доғи хоку лой — осори дунболгирии саботкоронаро, ки аз мушкилии партофтани лассо ба гардани пургурур шаҳодат медоданд, тоза менамуд.
— Монед! — ба кори мустангер муоина карда, бо тааҷҷуб гуфт Зеб. — Бекора ин қадар зӯр мезанед. Вудли Пойиндекстер аз он одамоне нест, ки аз гапи худ гардад. Шумо дусад доллари нақд мегиред — ба Зеб Стумп пир бовар кунед. Чин запад, ӯ ба ин пул меарзад!
Морис ягон ҷавоб надод, аммо аз рӯи табассуме ки дар кунҷи лабонаш намоён шуд, пай бурдан мумкин буд, ки пирамард сабаби ба мустанги гули бодом аҳамияти махсус додани ӯро напаҳмид.
Ягон соат нагузашта мустангер савори аспи туруки худ ба роҳ даромада аз пасаш модиёни гули бодомро бо лассо ётал карда мебурд. Аз қафо лӯк-лӯқкунон гала мерафт, ки ба он Фелим назорат мекард.
Зеб Стумп савори модиёни пири худ ба зӯр ба онҳо расида мерафт.
Аз ҳама ақиб Тара меомад, ки тарсон-тарсон эҳтиёткорона ба алафи хордор қадам мегузошт.
Барои посбонии кулба ягон кас намонд: онҳо дари онро рӯпӯш карданд, ки бошандагони чорпои дашт ба дарун надароянд. Ва акнун хомӯшии гирду атрофро фақат фарҷеди буми гӯшдароз, вангаси гурбаи ваҳшӣ ва аккоси маҳзуни койоти гурусна ҳалалдор мекард.
Боби IX
ҚАЛЪАИ САРҲАДӢ
Дар чӯби дарози байрақи қалъаи Инҷ ливое хилпиррос мезад, ки рӯи он пур аз нақши ситора буд; байрақ ба ин манзараи ба худ хоси аҷиб сояи ларзанда меафканад.
Ин манзараи ҳаёти ҳақиқии сарҳадӣ — фақат муқалами Вернэй Хурдӣ онро ба таври ҳаққонӣ тасвир карда метавонист — ҳаёти нимҳарбӣ, нимгражданӣ, нимваҳшӣ, ниммутамаддин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё