Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

набахшид, балкӣ, баръакс, ӯро ба воҳима андохт. Шикорчии пир ҳанӯз ба ҷустуҷӯи растании шифобахш нарафта, марди ирландӣ боз ҳам раҳмоваронатар доду фарёдзанон тозон аз кулба баромад.
Агарчи худи Морис ба ин тамоман боварӣ надошта бошад ҳам, то бародари ширхӯраашро ҳеҷ хавфу хатар нест, гуфта ором кардан вақти зиёд гузашт.
Дере нагузашта, дар таги дар Зеб Стумп пайдо шуд; аз қиёфаи аромаш бо осонӣ пай бурдан мумкин буд, ки растании шифобахш ёфт шудааст. Шикорчӣ дар дасти рост як чанд барги байзашакли сабзи баланд дошт, ки ба рӯяш хорҳои нӯгтез ҷафс-ҷафс ва баробар рӯида буданд. Морис барги кактуси орегано будани онҳоро шинохт.
— Натарс, мистер Фелим, — ба остонаи кулба қадам гузошта гуфт шикорчии пир. — Акнун аз ҳеҷ чиз тарсидан лозим нест.
Ман гиёҳе ёфта овардам, ки дар як нафас ҳароратро аз хунат кашида мегирад... Уллос накаш, мегӯям! Ту дар масофаи бист мил ба самти болою понии дарё ҳамаи паррандагон, даррандагон ва хазандагонро аз хоб бедор кардӣ. Агар боз уллос кашидан гирӣ, тамоми команчиҳо тохта ба ин ҷо меоянд ва ин, мумкин аст, аз изи чилпо дида, корро расвотар кунад... Мистер Чералд, то тарбандӣ тайёр кардани ман, ягон чизи онро мебастагӣ ёбед.
Шикорчӣ пеш аз ҳама бо корд хорҳоро бехчин карда партофт. Баъд пӯсти рӯи баргро канда, кактусро тунук-тунук бурида, ба рӯи латаи тозаи мустангер тайёр карда чид ва, чи тавре ки худаш онро «тарбандӣ» номида буд, ба рӯи раҳи сурхи бадани Фелим гузошт.
Кактус зуд таъсир кард — шираи он подзаҳри нағзе буд.
Фелим аз гузаштани хатар дилпур гардида таскин ёфт, инчунин аз зӯри шалпарӣ ба хоби сахти қувватбахш рафт. Духтури худомӯз пас аз он ки саъю кӯшиши зиёди бенатиҷа ба кор бурда чилпоро наёфт — ин хазандаи мурдор бар акси мор, натарсида аз болои чилбур мегузарад — ба маргзори худ баргашт ва то пагоҳ ором хоб кард.

Ҳамин ки субҳ дамид, сеяшон баробар аз хоб хестанд. Фелим аллакай шифо ёфта, чи будани тарсу ваҳмро фаромӯш
карда буд. Онҳо боқимондаи гӯшти мурғи марҷонро тахтӯл
карда, саросема омадан сафар шуданд. Собиқ хизматгори Баллибалох

пешина
аз 509
навбатӣ