Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ягон садои дигар буда метавонист. Расони он шаҳодат медод, ки Зеб масти хоб аст.
Ҳамин ки шикорчӣ боз дар байни ҳалқаи чилбур дароз кашид, дарҳол хобаш бурд. Қасоси хоби буридаашро гирифтани шуда, ҳазле ки бо Фелим карда буд, ба вай таъсири хуш бахшид ва акнун ҳузур карда мехобид.
Ин дуэт қариб як соат тӯл кашид: сари ҳар чанд вақт фарёди буми гӯшдароз ва уллоси ҳазини койот ба ӯ ҷӯр мешуданд.
Вале аз нав садои хор баланд гардид. Пештара барин яккахон Фелим буд.
— Наҷот диҳед, мемурам! — нохост фарёд кашид марди ирландӣ ва нафақат хоҷаи худаш, балки меҳмонро дар маргзор бедор кард.— Модархудои куддус! Пушту паноҳи бандагони пок! Маро наҷот деҳ!
— Туро наҷот диҳанд? Аз кӣ? — пурсид Морис Чералд аз нав аз бистар часта хеста, саросемавор шамъро гиронд.— Чӣ гап шуд?
— Мори дигар, соҳибмарҳаматам. Оҳ! Ба худо мори афъӣ, аз мори куштагии мистер Стумп қотилтар. Тамоми синаамро газида абгор кард. Ҷои хазидааш сӯхта, даргирифта истодааст, гӯё оҳангари Баллибалоҳ бо оҳани тасфон маро доғ карда бошад.
— Лаънат ба ту, аблаҳ! — фарёд зад Зеб Стумп, кампал дар китф дар таки дар пайдо шуда.— Маротибаи дуюм ту маро аз хоб бедор мекунӣ, аҳмақ!... Мебахшед, мистер Чералд! Маълум, ки дар ҳамаи мамлакатҳо — ҳам дар Америка ҳам дар Ирландия — аблаҳон ҳар қадар гӯӣ, ёфт мешаванд, аммо Фелим барин аблаҳашро то ҳол надида будам. Ин як фалокати тапа-тайёр! Агар ӯро дар дардарёча ғарқ накунем, гумон аст, ки имшаб хобамон барад.
— Оҳ Стумпи азиз, ин тавр нагӯед! Қасам, ки ба кулба боз мор даромадааст! Боварӣ дорам, ки ӯ ҳозир ҳам дар ҳамин ҷост. Як дақиқа пеш ман ҳис кардам, ки ӯ аз болоям хазида гузашт.
— Эҳтимол хоб дида бошӣ? — гуфт шикорчӣ саволомез ва боз ҳам оромонатар.— Ба ту мегӯям, ки ягон мори Техас аз болои чилбур намегузарад. Яқин, ки то расанро гузоштани ту ӯ ба кулба даромада будааст. Дар гумон ки яку якбора ду мор ба ин ҷо даромада руст шуда бошад. Ҳозир мебинем...
— Худоё! — куртаашро боло кашида, фарёд зад марди ирландӣ.— Ана изаш дар рӯи қабурғаҳоям! Маълум мешавад, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё