Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Нагазидааст? Вале ях барин як чиз дар баданам хазид.
— Мор буд-мӣ охир? — пурсид Морис, ки дар оҳанги гапзаниаш шубҳа ҳис карда мешуд.— Шояд, ба хобат даромада бошад, Фелим?
— Хоб гуфтеду мондед, мастер Морис! Мори ҳақиқӣ буд. Дурӯғ гӯям аз ҷоям саломат нахезам!
— Шояд, мор бошад, — ба гап ҳамроҳ шуд шикорчӣ.— Бинем, шояд, ёфт шавад. Ба ҳар ҳол аҷиб! Дар атрофи кулбаатон чилбур хобидааст. Чи тавр мор аз болои ин гузаштааст? ...Ана, ана вай!
Шикорчӣ инро гуфта ба кунҷи хона, ки мор ҳалқа зада хобида буд, нишон дод.
— Охир ин «мокиёнча»-ку! — ба гапаш давом намуд Стумп.— Кафтар барин безарар. Газиданаш мумкин не, вале аз ду сар мо ҷазояшро медиҳем.
Шикорчӣ инро гуфта, бохтурро ба даст гирифт ва баланд бардошта, чунон сахт ба замин зад, ки қариб тобу тавони ҳаракат карданаш намонд.
— Ана тамом, мистер Фелим, — бо пошнаи вазнинаш сари морро зер карда гуфт Зеб.— Ба ҷоғаҳат дарою то пагоҳ роҳат хоб кун: морон дигар ба ту кордор намешаванд.
Зеб Стумп бохтури куштаро бо пой тела дод ва хушҳолона хандакунон аз кулба баромад; бо қомати азимаш аз нав ба рӯи алаф дароз кашид ва ин дафъа оқибат хобаш бурд.
Боби VIII
ЧИЛПО
Пас аз куштани мор ҳама ором шуданд. Уллоси саг ҳамроҳи доду фарёди Фелим қатъ гардид. Мустангҳо боз дар сояи дарахтон ором гирифтанд.
Дар кулба хомӯшӣ ҳукмрон гардид; фақат гоҳ-гоҳ дар рӯи пӯстаки асп садои ҷунбидани марди ирландӣ шунида мешуд, ки дигар ба ҳимояи чилбур бовар намекард.
Дар берун хомӯширо фақат як овоз халалдор мекард, ки ба садои хишир-хишири аз кулба меомадагӣ тамоман монанд набуд. Ин садо бо маоси тимсоҳ ва кур-кури қурбоққа умумият дошт; аммо азбаски ин овоз аз сӯрохиҳои бинии Зеб Стумп мебаромад, ба ҷуз хурраки солими шикорчии хобида, дар гумон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё