Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

гонҳо миқдори зиёди захираи озуқаворӣ, мебели қиматбаҳо ва ҳатто гуфтан мумкин, бошукӯҳ, канизакони сиёҳпӯст ва фарзандони онҳо бор карда шудаанд; ғуломони сиёҳпӯст аз паҳлӯи корвон пиёда роҳ мераванд, баъзеи онҳо пойҳои лучи захмдори худро ба зӯр бардорумон карда, аз қафо хастахолона оҳиста-оҳиста роҳ мепайманд. Пешопеши корвон карераи сабуксайре меравад, ки ба он хачирҳои чавмасти зоти Кентукки баста шудаанд: дар кузлан он фойтунчии сиёҳпӯсте нишастааст, ки дар тан ливреа дорад ва аз шиддати гармӣ мадораш намондааст. Ҳама ин чизҳо ба он далолат мекунанд, ки ин муҳоҷири камбағали аз шимол омадае нест, ки барои худ дӯкри нав ҷустуҷӯ менамояд, балки аз башандагони давлатманди ҷануб аст, ки аллакай мулк харидааст ва бо оила, амвол ва ғуломонаш ба он ҷо меравад.

Ва дар ҳақиқат корвон аз они плантаторе мебошад, ки бо аҳли оилааш кӯчида ба Индианола, ба соҳили халиҷи Матагорда омадааст ва акнун даштро миёнбур карда, ба мулкҳои нави худ меравад.

Дар байни саворони мушоияткунандаи корвон, ҳар вақта барин пеш-пеш худи плантатор, Вудли Пойндекстер меравад, ки ӯ марди қоматбаланди қокинбандоми тахмин панҷоҳсола буда, қиёфан рангаридаи захир ва қомати бовикори ҷиддӣ дорад. Сару либосаш оддӣ, вале бошукӯҳ мебошад. Ӯ дар тан аз матои алпака камзӯли васеъ, аз маҳмали сиёҳ камзӯлча ва панталони газвораш пахтагӣ дорад. Дар буриши камзӯлчааш куртаи катони бағоят нафис намудор буда, гиребонаш бо лентаи сиёҳ баста шуда буд. Дар пойҳояш, ки ба ӯзангу гузаронида шудаанд, аз чарми даббоғӣ карда шуда попӯш дорад. Лапари васеъ кулоҳи ҳасин ба рӯи плантатор соя меафканад.

Аз чапу рости вай паҳлӯ ба паҳлӯ ду савор роҳ мепайманд: яке аз онҳо навраси тахмин бистсола, дигараш ҷавони барное буда, шаш-ҳафт сол калонтар мебошад.

Якумаш — писари Пойндекстер мебошад. Чеҳраи кушод ва шодмони ҷавон ба чеҳраи ҷиддии падараш ва қиёфаи маъюси савораи сеюм — бачаи аммааш асло монанд нест.

Ҷавон аз газвори ресмонӣ блузаи кабуди осмониранги франсавӣ ва аз ҳамон матоъ панталон дорад; ин сару либос барои иқлими ҷануб бисёр мувофиқ буда, панаман сафедаш барин ба ҷавон хеле мезебад.

1 Ливреа — либоси зеҳаш калобатуний, ки дарбонон, хизматгорон, фойтунчиҳо мепӯшанд.

пешина
аз 509
навбатӣ