Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Фелим дар кулбаи танҳо зиндагӣ карда, бо ягон кас рафтуомад намекард, бинобар ҳамин хосиятҳои соҳиронаи чилбурро намедонист.
Ӯ таъхир накарда, дониши ҳосил намудаашро истифода бурданӣ шуд. Фелим барои он ки хоҷаашро бедор накунад, нӯғ-нӯғӣ по ба кулба даромад ва чилбурро аз мехи девор гирифта, боз аз дар баромад ва роҳравон онро кушода, ҳалқасон ба атрофи девор паҳн кард.
— Дар Техас чи қадар ки мор набошад, оқибат Фелим О'Нил осуда мехобад!
Пас аз ин монолог дар кулба хомӯшии том ҳукмрон гардид. Ҳамшаҳрии Патрики валӣ дигар аз ҳуҷуми махлуқоти хазанда натарсида, ба рӯи пӯстаки асп дароз кашидан ҳамон хобаш бурд.
Замоне чанд ба назар чунин намуд, ки ҳама, аз он ҷумла Тара ва мустангҳои дастгиршуда аз истироҳати комил дар фароғат мебошанд. Фақат модиёни пири Стумп, ки ҳоло ҳам алафи тару тозаи чарогоҳро канда мехӯрд, ин хомӯширо халалдор мекард.
Ба зудӣ маълум гашт, ки шикорчии пир нахобидааст. Ӯ дам ба дам паҳлӯ мегашт ва гӯё кадом як фикри пурташвиш хобро аз чашми ӯ мебурд.
Зеб тахмин даҳ маротиба паҳлӯ гашт, хеста ништ ва норозӣёна ба атроф назар андохт.
— Арвоҳ занад ин мардаки калаварами беҷаҳи ирландиро! — беэътиноёна гуфт ӯ. — Хобамро парронд, лаънатӣ! Барои адабашро додан аз пояш кашида бароварда, ба дарзёча партофтан лозим. Дастонам хорида истодаанд! Фақат барои ҳурмати хоҷааш ман ин корро намекунам... Аз афташ, дигар то пагоҳ хобам намебарад.
Пас аз гуфтани ин суханон шикорчӣ аз нав ба кӯрпа печида, дароз кашид.
Аммо хобаш намебурд: ӯ меҷунбид, паҳлӯ мегашт; оқибат боз хеста ништ ва худ ба худ гап зад.
Ин дафъа оҳанги таҳдид, ки Фелимро дар дарзёча оббозӣ доронад, басе қатъӣ ва ҷасурона садо дод.
Вақте ки шикорчӣ нохост ким-чиро, ки ҷараёни фикри ӯро тағйир дода буд, дид, ба назар чунин менамуд, ки ҳанӯз дудила мебошад. Тахмин даҳ фут аз ҷони ӯ нишастагӣ ҷисми борики дарозе мехазид; дар пулакчаҳои ялақкосии вай шуоъҳои нуқратоби моҳ акс меандохтанд ва ҳайвони хазанда буданашро бо осонӣ муайян кардан мумкин буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё