Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Пардаҳоро кашида маҳкам карданатон лозим.
Ҷавонмард зуд серапеи худро кушода — он ба қоши зин баста шуда буд, — ба сари асп партофт ва нӯгҳояшро ба гардани асп печонида баст. Ҳамчунон бо чолокӣ гарданбандашро, ки аз абрешими ҳитой буд, кушода ба даври кулоҳаш печонид ва як нӯги онро ба зери лента гузаронида, нӯги дигарашро ба поин сар дод, — ба ҳамин тариқ ба монандӣ кулоҳхӯди абрешимин чизе ҳосил шуд.
Пеш аз он ки рӯяшро тамоман маҳкам кунад, ӯ боз як маротиба ба сӯи карета баргашт ва бар хилофи чашмдошти худ дид, ки Колҳаун ҳанӯз савори асп мебошад. Марди ношинос карохатеро, ки ғайри ирода ба ин одам дошт, мағлуб сохта, бо исрор гуфт:
— Сэр, хоҳишмандам, охир руст шавед! Набошад пас аз даҳ дақиқа шумо зинда намемонед.
Колҳаун итоат кард: аломатҳои тӯфонӣ сар шуда истода барҷало намоён буданд; бо оҳистагии рӯякӣ аз зин фуромада, ба карета даромад ва худро ба паноҳи пардаҳои маҳкамкарда гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё