Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар он чи ки баъд рӯй дод, тасвираш хеле мушкил мебошад. Ҳеҷ кас манзараи авҷ гирифта истодани қувваи табиатро надид, зеро ҳеҷ кас ҷуръат нанамуд, ки сар бароварда ба он нигоҳ кунад. Вале, агар касе ҷуръат менамуд ҳам, аз ду сар ягон чизро дида наметавонист. Пас аз сари хачирҳоро печонида бастан панҷ дақиқа нагузашта ҳама ҷо торикистон шуд.

Мусофирон фақат саршавии тӯфонро диданд. Яке аз гирдбодҳо наздик расида ба фургон бархӯрд ва мисли чанги сип-сиёҳ пош хӯрд, ба замин рехт — ба назар чунин менамуд, ки аз осмон сели борут рехт. Вале ин фақат саршавии тӯфон буд.

Ҳаво як муддат равшан шуд ва гӯё аз даҳанаи танӯр вазида бошад, ҳавои гарм саропо мусофиронро фаро гирифт. Баъд хуштаккашон ва ғуввосзанон шамоли сахт вазида, бо худ хунукии қаҳратун овард; ғурриши бод чунон гӯшкаркунанда буд, ки гӯё тамоми карнаю дуҳулҳои Эол1 аз пайдо шудани шоҳи Бодҳо хабар медод.

Лаҳзае нагузашта гирдбод ба корвон расид ва мусофирон дар ҳамвории субтропикӣ қарор гирифта, ба чунин хунукие дучор шуданд, ки ин хел хунукӣ дар уқёнуси Яхбастаи шимолӣ обро ях кунонда, кӯҳҳои ях ба амал меорад.

Ҳама ҷоро торикӣ фаро гирифт, ба ҷуз хуштаккашии шамол ва ғурриши пасти он, ки вақти ба соябони фургонҳо ҳамла оварданаш баланд мегардид, дигар ҳеҷ чизро шунидан мумкин набуд.

Хачирон, ки беихтиёр пушт ба он гардонида буданд, ором меистоданд. Ғурриши тӯфон дар карета ва фургонҳо садои боизтироб гап задани одамонро пахш мекард.

Ҳамаи тарқишҳо маҳкам карда шуда буданд, зеро баробари аз паногоҳи катонӣ сар бароварда нафас гашта мурдан мумкин буд. Ҳаво ба тамом олудаи хокистар буд, ки шамол талотум карда онро аз дашти сӯхта бардошта, ба гарду чанги майдаи ҳалокатовар табдил медод.

Беш аз як соат абри сиёҳи хокистар дар ҳаво чарх зад; дар ин муддат мусофирон дар ҷои худ нишаста, ҷуръат намеаму- данд, ки сар бароварда ба берун нигоҳ кунанд.

Оқибат овози марди ношинос дар назди пардаи карета ба- ланд гардид.

— Акнун баромадан мумкин, — гуфт ӯ гарданбанди абре- шимиро аз рӯй партофта. — Тӯфон тамом нашудааст, он то ба

1 Э о л — дар асотироти юнонӣ худои шамол.

пешина
аз 509
навбатӣ