Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Хонум, — ба карета наздик шуда гуфт савора, — ҳамаи
Вақтро нагузаронед. Пас аз якчанд дақиқа дар болои сари мо тӯфон шурӯъ мешавад.
— Шумо чӣ, сэр? — аз сидқи дил бо изтироб пурсид плантатор аз шахсе, ки барои наҷот додани онҳо аз балои мудҳиш ин қадар некиҳо карда буд. — Шумо чӣ?
— Ғами маро нахӯред: ман чӣ будани он мудҳишоти пеш омада истодаро медонам. Ман маротибаи аввал бо ин вонамеҳӯрам... Хоҳишмандам руст шавед, руст шавед! Як сонияро ҳам аз даст додан лозим нест. Шумо садои ғурришашро мешунавед? Ҳоло ки абри гарду чанг ба мо ҳамлавар нашудааст, тезтар бошед!
Плантатор ва Генри ҷаста аз аспҳо фуромада, ба карета даромаданд. Колхаун якравона дар болои зин менишаст. Чаро ӯ аз кадом як хатари хаёлӣ, ки ин мард бо сару либоси мексикой аз он руст намешавад, тарсад?
Марди ношинос ба назоратчӣ фармуд, ки ба наздиктарин фургон дарояд ва ӯ бе килу кол итоат кард. Акнун ғами худашро хӯрданаш мумкин буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё