Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ илоҷ кардан лозим?— бо даҳшат нидо намуд плантатор.
— Ҳеҷ илоҷ кардан мумкин нест, ки хачирҳоятон боз ҳам тезтар тозанд?
— Не, бе ин ҳам аз мадор рафта истодаанд.
— Дар он сурат метарсам, ки тӯфон моро дарёб мекунад...

Савора ин таҳминии яъсоваро гуфта, боз як маротибаи дигар ба қафо баргашт ва ба гирдбодҳои сиёҳ назар андохта, гӯё суръати ҳаракати онҳоро муайян карданӣ шуд.

Чинҳое, ки дар гирди лабонаш пайдо шуда буданд, аз норозизгӣ дида амали бештар ҷиддиро ифода мекарданд.

— Акнун дер шуд! — нохост муоинаашро қатъ намуда, хитоб кард вай.— Онҳо аз мо дида тезтар, хеле тезтар ҳаракат мекунанд... Умеди гурехта аз онҳо халос шудан нест.

— Худоё, сэр! Наход хатар ҳамин қадар калон бошад? Наход барои наҷот ёфтан ягон илоҷ кардан мумкин нест?— пурсид плантатор.

Марди ношинос дарҳол ҷавоб надод. Ӯ гӯё дар бораи ким-чӣ бошиддат фикр мекарда бошад, якчанд лаҳза хомӯш истод,— ӯ акнун ба осмон наменигарист, балки парешон-парешон ба фургонҳо нигоҳ мекард.

— Наход ягон умед набусад?— такрор кард плантатор.

— Не, ҳаст! — хурсандона ҷавоб дод Савора; ба назар чунин менамуд, ки ким-чӣ гуна фикри саодатманд ба вай фурӯғ бахшид.— Умед ҳаст. Ман пештар дар ин бора фикр накарда будам. Аз тӯфон гурехта халос шуданаммон мумкин нест, аммо аз хатар наҷот ёфта метавонем. Тезтар бошед, мистер Поиндекстер! Ба одамонатон фармоед, ки сари аспон ва хачиронро печонанд, обаш набошад ҳайвонҳо кӯру девона мешаванд. Кампал, рӯймол — ҳар чӣ ки бошад шудан мегирад. Ин корро ки карда шуданд, ба фургонҳо дароянд. Фақат ҳамин ки болопӯши фургонҳоро сахт маҳкам кунанд. Ғами каретаро худам мехӯрам.

Дар сурате, ки Поиндекстер ҳамроҳи назоратчӣ ба аробакашҳо супоришоти даркорӣ медоданд, савор ин дастурҳоро дода ба пеш асп тозонд.

— Хонум,— ба карета наздик шуда бо такаллуфи ҳарчи лутф-омезе, ки шароит имкон медод, гуфт савора,— ҳамаи пардаҳоро кашида маҳкам карданатон лозим. Ба фойтунчатон гӯед, ки ба карета дароянд... Шумо ҳам, ҷанобон,— ба Генри, Колхаун ва ба Поиндекстер, ки навакак расида омада буд, муроҷиат карда гуфт.— Ба ҳама ҷой мерасад. Хоҳишмандам тезтар бошед!

пешина
аз 509
навбатӣ