Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳа.
— Ман ҳеҷ гоҳ нашунида будам, ки гирдбод хавфнок бошад — магар фақат дар баҳр ба киштиҳо,— ба гап ҳамроҳ шуд Колҳаун.— Албатта, медонам, ки он бо худ сармои сахт меорад, аммо...
— На фақат сармо, сэр. Агар шумо ҷонатонро гирифта дар ягон ҷо руст нашавед, бо худ баъзе чизҳои бадтар меорад... Мистер Пойндекстер,— бесаброна ва боисрор ба плантатор муроҷиат намуд савора,— шумо ва ҳамаи одамонатон дар хатар ҳастед. Гирдбод ҳама вақт хатарнок нест, аммо ин... Нигоҳ кунед! Шумо он чархбодҳои сиёҳро мебинед?
— Мо ба онҳо менигарем ва чӣ буданашонро намефаҳмем...
— Онҳо қосидони тӯфонанд ва худ ба худ хавфнок нестанд. Вале ана ба он сӯ нигаред... Он абри сиёҳеро, ки рӯи осмонро пӯшонида истодааст, мебинед?.. Ана аз чӣ тарсиданатон лозим! Ман шуморо тарсониданӣ нестам, вале гуфтанням, ки он бо худ марг меорад. Ӯ ба ин сӯ ҳаракат карда меояд. Илоҷи раҳои фақат дар чаққонист. Шитоб кунед, набошад фурсат аз даст меравад. Пас аз даҳ дақиқа ба ин ҷо мерасад — ва он гоҳ... Тезтар, сэр, аз шумо илтимос мекунам! Ба аробакашонатон фармоед, ки бо тамоми қувва хачиронро ронанд. Осмон худаш ҳаминро ба шумо мефармояд!

Плантатор ба ин такозои пурисрор итоат намуда, супориш дод, ки ба роҳ дароянд ва бо суръати тамоми корвонро ронанд.
Воҳима ки чӣ ҳайвонҳо, чӣ аробакашонро баробар зер карда буд, даҳолати қамчинҳоро зиёдӣ гардонида буд.
Карета ва саворон мисли пештара пеш-пеш мерафтанд. Марди ношинос аз ҳама қафо мерафт, мисли ин ки корвонро посбонӣ мекард.
Вақт-вақт ӯ лаҷоми аспашро кашида, баргашта менигарист ва ҳар дафъа ҳам бештар изтироб зоҳир мекард.
Плантатор инро дида, ба ӯ наздик шуда пурсид:
— Хатар ҳоло ҳам нагузаштааст?
— Мутаассифона, ягон чизи тасаллобахш гуфта наметавонам. Ман гумон карда будам, ки шамол самташро дигар мекунад.
— Шамол? Ҳеҷ хел шамол намевазад-ку.
— Дар ин ҷо не. Ана дар он ҷо тӯфони ваҳшатнок мевазад ва он бо суръати тамоми ба тарафи мо меояд... Худоё, он бо тезии фавқулодда наздик мешавад! Гумон аст, ки то расидани он мо дашти сӯхтаро гузашта метавониста бошем...

пешина
аз 509
навбатӣ