Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Худо нигоҳ дорад! — бо тарсу ҳароси сохта хитоб намуд Луиза.
— Ҳиндуҳо? — пурсид Пойндекстер.
— Баъзан ҳиндуҳо ҳамин тавр мекунанд ва на фақат мексикоиҳо, балки аксар вақт сафедпӯстон худро ҳинду вонамуд мекунанд. Барои ин фақат камтар ранги ҷигарӣ, аз думи асп мӯйи сохта, якчанд пар барои каллапӯш ва бештар густоҳӣ лозим аст. Агар моро дастаи «ҳиндуҳои сафед» ғорат кунад, — чунин воқеа чандин маротиба рӯй додааст, — дар он сурат ба ҷуз худамон дигар касро айбдор карда наметавонем: мо фақат ҷазои зудбоварии соддалавҳонаамонро мекашем, ки ба гапи ҳар роҳгузар бовар мекунем.
— Э тавба, Кассий! Охир ин айбномаи ҷиддӣ мебошад. Наход гуфтани бошӣ, ки ин хаткашон — агар ӯ дар ҳақиқат хаткашон бошад — моро ба дом гирифтор карданияст?
— Не, тағо, ман ин гапро намегӯям. Ман фақат гуфтаниам, ки ин гуна воқеаҳо шуда буданд; эҳтимол, ӯ бо фириб моро ба дом кашида истода бошад...
— Шояд, вале аз эҳтимол дур аст, — аз карета овозе, ки пур аз тамасхури таънаомез буд, баланд гардид.
— Не, — хитоб намуд Генри, агарчи пеш-пеш равад ҳам, тамоми гуфтугӯро мешунид, — гумону шубҳаҳои ту беадолатона мебошанд, Кассий! Ин тӯҳмат. Ва ман инро ба ту исбот карда метавонам. Ба ин тараф нигоҳ кун.
Ҷавон аспро нигоҳ дошта, ба чизе ки дар канори пайраҳа истода буд ва то ин дам онро бодиққат муоина карда буд, ишора кард. Он кактуси ба сутун монанд буд; танаи сабзи сершираи он аз оташ махфуз монда буд.
Вале Генри Пойндекстер диққати ҳамроҳони худро ба худи гиёҳ не, балки ба карточкаи начандон калони сафед, ки ба яке аз хорҳои он халонда шуда буд, ҷалб намуд. Ҳар касе ки бо урфу одатҳои ҷамъияти мутамаддин шинос аст, дарҳол мефаҳмад, ки ин визитка аст.
— Бинем каний, дар он чӣ навишта шудааст, — наздиктар рафта гуфт ҷавон; ӯ бо овози баланд хонд: — «Сарв менамояд».
— Каний? — пурсид Пойндекстер.
— Дар ин ҷо даст акс ёфтааст, — ҷавоб дод Генри.
— Шубҳа нест, ки ангушт сарвро нишон медиҳад.
Ҳама ба самте, ки дар карточка нишон дода шуда буд, чашм дӯхтанд.
Агар офтоб нурфишонӣ мекард, дар назари аввал сарвро дидан мумкин буд. Вале осмони чанде пеш кабуд акнун киргун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё