Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Бисёр барвақт ханда сар кардед, — овози маҳзуни капитан баланд гардид, ки дар вақти ҳамин гуфтугӯ расида омада буд.— Эҳтиёт бошед, ки дар ҳақиқат дар ҳамин дашти сипсиёҳ шабро рӯз накунед! Хоб мешуд, агар ягон балои дигар рӯй надиҳад.

— Бо ин гапат чӣ гуфтанӣ ҳастӣ, Каш? — пурсид плантатор.

— Ман гуфтаннам, ки таго, ин доғулӣ моро фиреб дод. Ман ҳоло ниро тасдиқ карда наметавонам, аммо аз афташ, кор чатоқ барин. Мо аллакай зиёда аз панҷ миль роҳ тай кардем... Шояд, қариб шаш миль тай карда бошем, аммо сарви ӯ гуфтагӣ канӣ? Зоҳиран, чашми ман аз чашми дигарон заиф нест, аммо, ҳар қадар ки ба дур бо диққат нигаристам, ҳеҷ гуна дарахт надидам.

— Аз фиреб додани мо ба ӯ чӣ фоида?

— Эҳ, — «чӣ фоида» мегӯед? Гап дар сари ҳамин ки мумкин вай барои ин мақсадҳои бисёр дошта бошад.

— Ақаллан яктои онҳоро ном бар, — овози пуртанин аз карета баланд гардид, — мо бо шавки тамом гӯш мекунем.

— Набошад чӣ: ҳар гапе, ки ба он зот дахл дошта бошад, ту бо шавку завқи махсус гӯш мекунӣ, — бо тамасхӯр ҷавоб дод Колхаун, — агар ман мулоҳизаи худамро баён кунам, ту бо кибру ғурури ба ту хос инро изтироби беасос меномӣ!

— Ин ба чӣ гуфтани ту вобаста, мастер Кассий. Ба фикрам, моро озмуда диданат лозим. Мо охир фикр карда наметавонем, ки ту одами ҳарбӣ ва як сайёҳи пуртаҷриба беасос ба изтироб афтодай!

Колхаун ин тамасхӯри пуркинаро фаҳмид ва агар Пойндекстер ба ин исрор наменамуд, шояд, аз гуфтушунидҳои минбаъда худдорӣ мекард.

— Гӯш кун, Кассий, охир фаҳмонда деҳ, худаш чӣ гап?— ба таври ҷиддӣ пурсид плантатор.— Он чи ки ту гуфтӣ, купҷковии оддӣ набуд, моро хеле ба ташвиш меандозад. Мақсад аз маслиҳати нодурусти ҷавон чӣ?

— Хайр чӣ, таго... — гуфт Колхаун, ки он даҳанкалонии пештарааш набуд, — охир ман иддао намекунам, ман фақат тахминамро мегӯям.

— Чӣ хел тахмин?

— Хайр, чӣ воқеаҳое ки рӯй намедиҳанд! Дар ин даштҳо тез-тез ба корвонҳо ҳамла меоранд — ва на фақат ба корвони мо бари корвон, балки аз корвони мо пуркувваттар ҳам — ғорат мекунанд, мекушанд.

пешина
аз 509
навбатӣ