Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

гардида буд ва ҳар қадар ки мусофирон бо диққат менигаристанд, дар уфуқ монанд ба нӯги дарахт ягон чизро дидан мумкин набуд.

— Дар он ҷо ҳеҷ чиз нест, — бо оҳанги боварибахш гуфт Колхаун. — Ман боварӣ дорам, ки ин фақат найранги нави ин сакалту мебошад.

— Сахв мекунӣ, — ҷавоб дод овозе, ки дам ба дам ба гуфтаҳои Кассий эътироз мекард. — Бо дурбин нигоҳ кун. Агар чашми тезбинат хира нашуда бошад, дар уфуқ монанд ба дарахт, чизеро мебинӣ — шояд, он дарахти сарв бошад. Охир ман дар ботлокҳои Луизиана ҳеҷ гоҳ дарахти сарвро надида будам.

Колхаун дурбинро аз дасти духтари тагояш гирифтан нахост — ӯ медонист, ки Луиза рост мегӯяд ва барои вай исботи зиёдатӣ лозим набуд.

Дар он сурат Пойндекстер дурбинро ба даст гирифта мувофиқи чашмони наздикбинаш соз кард ва дарахти сарвро, ки дар болои дашт қад афрошта буд, баръало дид.

— Дуруст, — гуфт вай, — сарв менамояд. Марди ношинос одами бавичдон будааст. Ту дар ҳаққаш беинсофона гап задӣ, Каш. Бовариам намеомад, ки вай бо мо ҳамин хел ҳазли хунук карда бошад... Гӯш кунед, мистер Сансом! Ба алобакашҳо фармон диҳед, ки ба роҳ дароянд.

Колхаун хашмгинона аспро маҳмез зада ба дашт тозонд; ӯ дигар на хоҳиши гап задан дошт, на дар сӯҳбати ҳамроҳони худ истодан.

— Генри, визиткаатро ба ман деҳ, — бо овози паст гуфт Луиза. — Ман мехоҳам аломатеро, ки ба мо ёрдамии калон кард, бибинам. Онро аз он ҷо гир — модоме ки мо дарахтро дидем, дар хори кактус истоданаш фоида надорад.

Генри илтимоси хоҳарашро иҷро намуда, ба маънии пӯшидан он лаҳза ҳа ҳам фикр накард.

Ӯ визиткаатро аз хори кактус гирифта, ба рӯи зонуи Луиза партофт.

— Морис Чералд — дар пушти он номро дида пичиррос зада хонд креолдухтар. — Морис Чералд! — бо ҳаяҷон такрор намуда, карточкаро ба сари синааш руст кард ӯ. — Касе ки набошӣ, аз куҷое, ки наомада бошӣ, ба ҳар куҷое, ки азми сафар накарда бошӣ ва кадом касбу корро пеша накунӣ, аз ҳамин рӯз эътиборан ояндаи ману ту як аст! Ман инро ҳис мекунам — чӣ тавре, ки дар болои сарам осмонро дида истодаам, онро ҳамин тавр равшан мебинам! Оҳ, чигуна осмони мудҳиш! Оё ояндаи номаълуми ман низ ҳамин гуна мудҳиш намешавад?

пешина
аз 509
навбатӣ